Иқлими Тоҷикистон дар ҳақиқат гарм мешавад? Маълумотҳоро таҳлил мекунем

Date:

“Ҳарорати ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон”, “ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад” – чунин сарлавҳаҳо тақрибан ҳар рӯз дар сомонаи хабаргузориҳои кишвар пайдо мешаванд. Масалан, ҳавошиносон гармиро барои моҳи июни соли 2023 дар манотиқи марказӣ, аз ҷумла, дар Душанбе, то 44 дараҷа ва дар манотиқи ҷанубӣ то 45 – 47 дараҷа арзёбӣ карданд.

Зимнан, соли гузашта дар ҷануби кишвар гармии ҳаво ба 47 дараҷа расида, рекорди 78 соли пешро такрор кард.

Рекордҳои ҳароратӣ метавонанд тасодуфӣ бошанд. Саволи асосӣ ин аст, ки оё рекорди навбатӣ пас аз 78 соли дигар гузошта мешавад ё ин ки ба гармшавии муттасили ҳаво одат бояд кард?

Ин танҳо тасодуф нест

Бо таҳлили ҳарорати миёнаи солонаи  шаҳрҳои бузург, метавон мушоҳида кард, ки соли 2022 барои баъзе манотиқ ҳарорати ҳаво воқеан ғайриоддӣ буд (дар график бо ранги кабуд қайд карда шудааст).

Масалан, соли 2022 барои шаҳри Душанбе гармтарин сол давоми 92 соли охир дониста шуд. Яъне солҳои охир ҳарорат тағйир ёфта, баъзан метавонад хеле гарм ва баъзан сард бошад.

 

 

Иқлимшиносон барои пайгирии динамика нишондиҳандаи дигар – ҳарорати миёнаи 10 соли охирро таҳлил мекунанд.

Масалан, дар соли 1940 ба ҳисоби миёна барои солҳои 1931—1940, дар соли 1941 – барои солҳои 1932—1941 ва дигар солҳоро муайян мекунанд. Мо инро бо хати хокистарӣ дар график нишон додаем. Метавон мушоҳида кард, ки ҳарорати ҳаво  хеле афзоянда буда, дар Душанбе давоми 83 сол 1,3 дараҷа гарм шудааст.

Оё 1,3°С гарм шудани ҳаво метавонад боиси бонги хатар гардад? Ё метавон гуфт, ки Тоҷикистон аз раванди гармшавии ҷаҳонӣ канор мондааст? Дар ин бора сардори шуъбаи пешгӯии обуҳавошиносии Маркази обуҳавошиносӣ Саттор Саидов чунин ибрози назар кард: “Қаламрави Осиёи Марказӣ аз тағйирёбии иқлим ниҳоят осебпазир аст.  Тағйирёбии ҳарорат дар ин ҷо аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ ду маротиба зиёд буда, таъсири манфии гармшавии глобалӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист нисбат ба дигар манотиқи ҷаҳонӣ дар ин ҷо қавитар аст. Давоми 40 соли охир пиряхҳо дар кӯҳҳои минтақа, ки манбаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, беш аз 30 фоиз кам шуда, боиси зиёд шудани селу ярчҳои харобиовар, коҳиши оби дарёҳои кӯҳӣ ва афзоиши норасоии захираҳои об дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гардид".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саттор Саидов

“Ҳар як дараҷа муҳим аст”

Маълум мешавад, ки Тоҷикистон бештар аз дигар минтақаҳо гарм мешавад. Аммо чаро ба ҳисоби миёна 1,3°С боло рафтани ҳарорат ба иқлим чунин таъсир мерасонад?

Гап дар сари он аст, ки ҳарорати миёна ҳамаи тағйиротҳоро нишон намедиҳад. Рӯзҳои гарм бо рӯзҳои муқаррарӣ, тобистонҳои ниҳоят гарм бо зимистонҳои хунук иваз мешавад.  Ба ҳисоби миёна ба назар чунин мерасад, ки қариб ҳеҷ чиз тағир наёфтааст. Тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро ҳангоми баррасии дигар нишондиҳандаҳо, аз қабили шумораи рӯзҳои гарм равшантар дидан мумкин аст.

 

 

Ҳамин тариқ, дар Душанбеи солҳои 50-ум, давоми 10 сол 445 рӯз ҳарорати ҳаво болотар аз 35°С буд. Ин нишондиҳанда солҳои 2000-ум ба 640 рӯз ва дар солҳои 2010-ум ба 717 рӯз баробар шуд.

Бижан Фаллоҳ, иқлимшиноси Донишгоҳи озоди Берлин мегӯяд, афзоиши рӯзҳои гарм шарҳи мантиқӣ дорад.

“Шурӯъ аз солҳои 1990 дар Душанбе аз ҳисоби урбанизатсия (кӯчиши зиёди аҳолӣ ба шаҳрҳо) афзоиши босуръати аҳолӣ мушоҳида мешавад. Одамон замин ва релефи шаҳрро ба таври дигар истифода себаранд – дар шаҳр биноҳо ва роҳҳои зиёд сохтанд. Ин боиси истифодаи зиёди энергия ва истихроҷи гармӣ гардид”, – мегӯяд ӯ.

Ин коршинос мутмаин аст, ки ҳатто тағйироти ночизи ҳарорати ҳаво дар кишвар метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

“Тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ дар баробари афзоиши рӯзҳои гарм, боиси зиёд шудани офатҳои гуногуни табиӣ – обхезӣ, ярч, тарма ва селҳо мегардад. Ҳамчунин, тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳоро тезонида, боиси коҳиши захираҳои об мешавад”, – мегӯяд Бижан Фаллоҳ.

 

 

Ба андешаи ин коршинос, дар чунин ҳолат, пеш аз ҳама, аҳолии камбизоат ва осебпазири кӯҳистонӣ зарар хоҳад дид. Тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ, саломатӣ ва даромади онҳо таъсир мерасонад.  Ин ба афзоиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон оварда мерасонад.

Бижан Фаллоҳ мегӯяд, ки сокинони дигар манотиқи кишвар низ бо паёмадҳои тағйири иқлим рӯбарӯ хоҳанд шуд.

“Минтақаҳои доманакӯҳ, махсусан дар қисмати ҷанубу ғарбии кишвар низ зери хатар қарор доранд. Дар ин минтақаҳо хушксолӣ, мавҷҳои гармӣ, тӯфонҳои чангу ғубор ва шӯршавии хок ба назар мерасад. Тағйирёбии иқлим ин равандро шадид мебахшад. Баръакси манотиқи кӯҳистон, доманакӯҳҳо  сераҳолӣ мебошад. Онҳо аз об, энергетика ва инфрасохтори сунъӣ вобастагии зиёд доранд. Тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва сифати муҳити зисти онҳо таъсир мерасонад”, – мегӯяд Бижан Фаллоҳ.

Ба қавли ӯ, масъалаи дигар вобаста ба роҳҳои автомобилгард ва оҳан аст, ки дар пайи тағйироти иқлим ва хатарҳои вобаста ба он – резиши санг, тарма ва обхезӣ метавонад зарари ҷиддӣ бинад.

Куҷо бештар гарм мешавад?

Иқлими Тоҷикистон  – континенталӣ аст.  Ин маънои онро дорад, ки тобистон дар кишвар ҳаво гарм мешавад ва дар зимистон сармо меояд: дар ҷануб, дар ноҳияи Шаҳритус, тобистон ҳарорат то +48°С мерасад ва дар Помир, дар мавзеи кӯли Булункӯл бошад, дар фасли зимистон то -65°С паст мешавад.

Тағйирёбии иқлим дар саросари кишвар низ нобаробар аст ва дар ин ҷо ҳам релеф нақши муҳим мебозад. Ҳарорат дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр дар давоми солҳо назар ба ҳарорат дар баландии 1000 метр камтар тағйир ёфтааст.

Мо бо мақсади омӯхтани тағйирёбии ҳарорат дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамаи нуқтаҳои обуҳавосанҷиро аз пойгоҳи “Обу ҳаво ва иқлим” дастрас намудем. Дар ин пойгоҳ ҳарорати ҳаво аз соли 1930 дастрас аст.  Мо ҳарорати миёнаи солҳои 2000 – 2020-ро бо ҳарорати миёнаи солҳои 1930-1950 муқоиса кардем.

Маълум шуд, ки тағйирёбии назарраси ҳароратро стансияи обу ҳавошиносии ноҳияи Данғара, дар қисми ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ ба қайд гирифтааст. Дар он ҷо ҳарорат 4,2°С баланд шудааст.  Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе дар тӯли 70 сол ҳарорат 1,5 дараҷа, дар Хуҷанд 1,7 дараҷа ва дар Бохтар 2,3 дараҷа боло рафтааст. Якчанд стансияҳое низ ҳастанд, ки паст шудани ҳароратро нишон медиҳанд – дар минтақаи Мурғоб ва шаҳри Кӯлоб.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бижан Фаллоҳ

Тойи тааҷҷуб нест, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво сардтар шудааст.  Бижан Фаллоҳ мегӯяд, ки омилҳои зиёд ба иқлими Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд. Дар натиҷа баъзе омилҳо боиси гармшавӣ ва баъзеи дигар боиси сардӣ мегарданд.

Масалан, падидаи Ла-Ниня. Он шамоли сахтест, ки қабати гарми обро аз Амрикои Ҷанубӣ ба сӯи Индонезия мебарад. Сарфи назар аз он, ки ин ҳодиса дур аз Тоҷикистон сурат мегирад, он то ҳол ба иқлими кишвари мо таъсир гузошта, баъзе ҷойҳои онро сардтар мекунад.

“Дар кишвар, обанборҳо метавонанд гармиро ба худ гиранд, растаниҳо метавонанд соя кунанд ва намиро ба худ гиранд”, – мегӯяд Бижан Фаллоҳ.

Чӣ бояд кард?

Ба тағйирёбии иқлим набояд сатҳӣ назар кард. Зеро, тавре ҳарду коршиноси мо, Саттор Саидов ва Бижан Фаллох мегӯянд, дар даҳсолаҳои наздик ҳаводиси назарраси вобаста ба иқлим дар кишвар рух хоҳад дод.

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, дар солҳои 1992-2016 Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба ҳисоби миёна 1,2 дарсади ММД дар як сол зарар дидааст ва то соли 2050 бо мизони баланди тағирёбии иқлим ин рақам метавонад то 2,5 дарсади ММД дар сол афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи коршиносон, кишвари мо дар пасманзари тағйирёбии иқлим метавонад ба пайомадҳои зерин рӯбарӯ шавад:

– афзоиши низоъҳои иҷтимоӣ (дар заминаи афзоиши нобаробарии пулӣ) ва муҳоҷират (ҳам дохила ҳам хориҷӣ);

– афзоиши нархи озуқаворӣ ва молҳо;

– мушкилоти саломатӣ (масалан, афзоиши бемориҳои дил дар шароити гармии тоқатфарсо);

 – тағйироти возеҳи муҳити зист;

 – офатҳои табиии шадид ва пешгӯинашаванда;

 – гармои шадид ва хушксолӣ.

Давлат аз ин масъала нигарон аст – масалан, дар кишвар Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (СММТИ) барои давраи то соли 2030 мавҷуд аст.  Он ба дастгирии рушди иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба модернизатсияи тамоми бахшҳои иқтисодиёт, диверсификатсия ва таҳкими бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани мутобиқшавӣ ва самаранокии энергетикии кишвар нигаронида шудааст.

СММТИ имкон медиҳад, ки дар ҷараёни банақшагирии рушди устувори кишвар пешгӯиҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати тағирёбии иқлим ва тағйирёбанда ба назар гирифта шавад.

Аммо ҳар яки мо низ метавонем дар мубориза бо тағирёбии иқлим саҳм гузорем. Масалан, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода барем, на аз мошини шахсӣ.  Ё ба мошинҳои электрикӣ ва велосипедҳо нишинем.

Инчунин, метавонем асбобҳои каммасрафро истифода барем, то истеъмоли энергияро кам кунем.  Илова бар ин, истеъмоли гӯшт ва дигар маҳсулоти ҳайвонотро кам кунем, зеро истеҳсоли гӯшт яке аз манбаъҳои асосии партовҳои газҳои гулхонаӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...