Имдодгарон ба ёрии кӯҳнавардони бритониёии аз кӯҳ сарозершуда расиданд

Asia-Plus

Кӯҳнавардон аз Британияи Кабир, ки рӯзи 20 июл аз кӯҳ дар қаламрави ноҳияи Шуғнон сарозер шуда буданд, ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон оварда шудаанд. Онҳо ҷароҳат бардошта ба кумак ниёз доранд, хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи нохуш бо кӯҳнавардони бритониёӣ дар қаламрави ноҳияи Шуғнони ВМКБ рух дод.

Ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлери 67-сола ва Симон Андрев Ятеси 60-сола бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.

Онҳо тариқи телефони моҳвораӣ огоҳии SOS фиристоданд. Тибқи дастури раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд.

“Рӯзи 22 июл онҳо бо ёрии занбарҳо Майкл Алан Фоуйлерро дар деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон оварданд. Симон Андрев Ятес шояд аз сутунмӯрааш ҷароҳат гирифта, бо ин сабаб имдодгарон дар баландии 4184 м назди қуллаи Патхор бо ӯ монданд. Ба ӯ аллакай ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, айни замон поинфароӣ идома дорад. Пас аз ин тариқи чархбол ба Душанбе интиқол додани сайёҳони бритониёӣ дар назар аст”, – иброз дошт Умеда Юсуфӣ.

Сухангӯи КҲФ ҳамчунин иттилоъ дод, ки як гурӯҳи иборат аз 5 нафар кӯҳнавардони Русия барои фатҳи қулла ба Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ омадаанд.

“Ҳангоми ба кӯҳ баромадан яке аз кӯҳнавардон – Герман Яртсев аз эҳтимоли хуруҷи пневмония шикоят кард. Пас аз ин роҳбари гурӯҳ Яна Уляничева барои кумак ба КҲФ муроҷиат кард.

Рӯзи 24 июл ҳамаи панҷ нафар бо чархболи КДАМ ҶТ ба Душанбе интиқол дода шуда, Яртсев дар беморхонаи “Истиқлол” барои муолиҷа бистарӣ шуд”, – зикр карданд дар маркази матбуоти КҲФ.

Умеда Юсуфӣ бори дигар аз ширкатҳои сайёҳӣ боисрор дархост намуд, ки хатсайрҳо, бахусус хатсайрҳои ба баландкӯҳи сайёҳон ва кӯҳнавардонро дар Кумита ба қайд гузоранд.

“Аз сайёҳон хоҳиш мекунем, ки таҷҳизоти махсус, маҳсулоти хӯрокворӣ, об, маводи доруворӣ, дастгоҳҳои фонус (маяк) ва телефнҳои моҳвораӣ бо худ дошта бошанд”, – таъкид дошт Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 19 ва 20-уми июл се кӯҳнаварди хориҷӣ, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш ва ВМКБ сайр мекарданд, аз кӯҳ сарозер шуда афтидаанд. Рӯзи 21 июл баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои кӯҳгарди осебдидаи Беларусро ба шаҳри Душанбе оварданд. Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...