Аз ёдгориҳои нави таърихӣ то тавсифи рақси мардона. Вазири фарҳанг боз чӣ гуфт?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри соли 2023 ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад ва намояндагони созмон дар ин ҷо хулосаи ниҳоиро мебароранд.

Инчунин, вазири фарҳанг афзуд, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад.

“Ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст”, – илова кард Зулфия Давлатзода.

Зулфия Давлатзода ҳамчунин гуфт, рӯзҳои 3-5-уми октябри соли 2023 дар пойтахти кишвар намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад.

“Мактубҳои расмӣ ба вазорати фарҳанги як қатор кишварҳои ҷаҳон фиристода шуда, аз онҳо расман даъват шудааст, ки дар намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” ширкат варзанд”, – гуфт Давлатзода.

Зулфия Давлатзода инчунин, дар нишасти матбуотӣ рақси мардонаи сокинони Бадахшонро тавсиф кард.

“Рақси мардона қонунҳои худро дорад ва беҳтар аст, ки донем. Мардони ВМКБ қонунҳои рақси мардонаро хуб медонанд ва зебо ҳам мерақсанд. Занони ин минтақа низ рақси вижаи худро доранд”, – гуфт Давлатзода.

Зулфия Давлатзода илова кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” номинаи рақси мардона ҳаст ва хоҳишмандону шавқмандон метавонанд дар он ширкат варзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...