“На ҳамаи пайвандон омодаи қабули занону кӯдакони аз Сурия баргардонида мебошанд”

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Занону кӯдаконе, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар макони муносиб ва шароити худ зиндагӣ доранд. Раванди офиятбахшии онҳо идома дорад, аммо пайвандони на ҳамаи онҳо омодаанд, ки наздиконашонро дубора ба оила қабул кунанд.

Дар ин бора дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

“Шароити онҳо бад нест. Баръакс, онҳо дар мавзеи муносиб ва бофароғат зиндагӣ доранд. Он ҷо боғ ва ҳавзи шиноварӣ ҳаст, онҳо бо чор вақт хӯрок таъминанд ва оид ба масоили гуногун метавонанд кӯмак дастрас кунанд”, – гуфт Суҳайлӣ Абдуҳафиззода.

Аммо ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон макони дақиқи будубоши нафарони аз Сурия баргардонидашударо ошкор накард. Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2023 мақомоти Тоҷикистон аз Сурия 104 нафар занону кӯдакони тоҷикро ба ватан баргардонида буданд.

Ба гуфтаи Суҳайлӣ Абдуҳафиззода барои нигоҳдории баргардонидашудагон мушкиле нест ва созмонҳои кӯмакрасон барои таъмини шароити мувофиқ ёрӣ мерасонанд.

“Кӯдакон бо модару бибиҳои худ ҳастанд, ба онҳо ёрии равонӣ расонида мешавад, зеро онҳо баъди ҳаводиси аз сар гузаронидаашон фишори равониро эҳсос мекунанд. Занон дар курсҳои ошпазӣ ва дӯзандагӣ таҳсил мекунанд ва кӯдакон хондану навиштанро меомӯзанд”, – гуфт Абдуҳафиззода.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамаи нафарони баргардонидашуда аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва дар ягон нафари онҳо бемории вазнин, аз ҷумла бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ошкор нашудааст. Танҳо фишори хуни чанд нафари онҳо баланд ва ду нафарашон гирифтори диабети қанд буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки қисме аз ин шаҳрвандон вақте омодаи бозгашт ба хонаводаашон мешаванд, бо мушкил рӯбарӯ хоҳанд шуд, зеро на ҳамаи хонаводаҳо омодаанд, ки пайвандонашонро бозпас қабул кунанд.

Бо назардошти ин, ҷиҳати ҳамгироии дубораи онҳо бо ҷомеа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо наздик ба 15 мақомоти гуногуни давлатӣ ҳамкорӣ дошта, дар оянда барои расонидани кӯмаки равонӣ ва моддӣ ба ин занон иқдом мекунад.

“Қисмати муҳими офиятбахшӣ барои таъмини ояндаи беҳтари ин занон ин пешниҳоди намудҳои гуногуни дастгирӣ, аз ҷумла банақшагирии омӯзиш ва пешниҳоди грантҳо мебошад. Ин ба онҳо барои бунёди зиндагии босубот, мустақил ва ҳамгироии муваффақ ба ҷомеа кӯмак хоҳад кард”, – гуфт Қодирӣ.

Бояд гуфт, моҳи марти соли ҷорӣ 146 зану кӯдаке, ки моҳи июли соли 2022 аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида буданд, бо оилаҳои худ пайвастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2019 ва 2022 мақомоти Тоҷикистон ду гурӯҳ шаҳрвандони кишварро аз Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонданд.

Соли 2019 89 кӯдаки аз 1 то 18 сола ба ватан баргардонида шуда, дар мавзеи истироҳатии Харангон, воқеъ дар дараи Варзоб, ҷойгир карда шуданд.

Соли 2022 146 зану кӯдак барогардонида шуда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андози Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...