Душанбе метавонад бе сабзавот монад. Вазири кишоварзӣ ноҳияи Рӯдакиро танқид кард

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода фаъолияти як қатор ноҳияҳои тобеи марказро, ки дар онҳо захираҳои замин ғайриоқилона истифода бурда мешаванд, мавриди интиқоди шадид қарор дод. Бо ҳамин сабаб истеҳсоли сабзавот, ки имрӯз аҳолии кишвар ба он ниёз дорад, кам шудааст.

Вазири кишоварзӣ, имрӯз 31 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки нисбат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, Вазорат ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ бештар таваҷҷуҳ менамояд.

“Мутаассифона, бо сабаби самаранок истифода нашудани захираҳои мавҷудаи замин, дар бисёре аз ноҳияҳо имконоти мавҷудаи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда намешаванд. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ нишондиҳандаҳои нақша аз рӯйи кишти ҳеҷ яке аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка иҷро нашуданд. Дар таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат нақши зиёл доранд”, – гуфт вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ҳамаи заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ зироати ғалладона ва хӯрока кишт шуда, пас аз ҷамъоварии ҳосили онҳо, зиёда аз 7 ҳазор гектар заминро такроран истифода бурдан мумкин аст.

Аммо заминдорони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳам фермерону ҳам хоҷагиҳои дастаҷамъӣ бо баҳонаи камобӣ ва обуҳавои номусоид, танҳо ба як ҳосил қаноат мекунанд.

“Ин ба истифодаи бесамари замин сабаб шуда наметавонад, кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳарчи бештар ҳосил рӯёнида шавад”, – гуфт Ҳаким Қурбонзода.

Ба иттилои вазир, бо сабаби раҳбарияти бесамар раиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ аз мансабаш барканор шуд.

Нишондиҳандаи нақшаи кишти картошка дар Файзобод, Нуробод ва дигар ноҳияҳо низ иҷро нашудаанд.

Дар робита ба афзоши теъдоди аҳолӣ, талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ низ зиёд мешавад.

Масалан, ҳар моҳ ба Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи аҳолии дар ҳоли афзоиш қарордошта 86-90 ҳазор тонна картошка лозим аст.

Майдони кишти он бошад, ҳамасола 30-33 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

“Замин дигар зиёд намешавад, – зикр кард вазир. – Аз ин рӯ, ҳосилнокии картошкаро аз 1 гектар зиёд кардан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партфташуда дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ лозим аст”.

Ҳакимзода ноҳияи Нурободро мисол овард, ки дар он ҷо заминҳои зери минтақаи обанбори “Роғун” аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, лекин барои пурра зери об мондани ин заминҳо зиёда аз 15 сол вақт лозим аст ва дар ин ҷо ҳоло ҳам ҳосили хуби карошка ва лӯбиёгӣ гирифтан мумкин аст.

Бо вуҷуди ин, ҳамчунин хабар дод вазир, дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 7,9% зиёд шудааст.

Аз ҷумла ҳосили рекордии зардолу гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар зиёдтар аст.

Ҳаҷми афзоиши дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 то 10,2% афзуда, картошка, ангур, тухм ва асал аз ин шумор истисно мебошанд. Ҳаҷми истеҳсоли онҳо аз 0,3% то 4,1% кам шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...