Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабонва буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи шартҳои умумии иҷро намудани амали иҷроро баррасӣ намуданд.
Дар ҳуҷҷати иҷро ҳатман маълумоти зерин бояд оварда шаванд:
1) номи суд ё мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
2) парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақамҳои онҳо;
3) санаи қабули санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
4) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи онҳо, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
5) насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздоршахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз ва ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори ӯ, агар он маълум бошад;
6) қисми хулосавии санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
7) санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
8) санаи додани ҳуҷҷати иҷро.
Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, бо имзои судя ва мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.
Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси санади мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор дода шудааст, аз тарафи шахси мансабдори ин мақомот ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷати иҷроро навиштааст, имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷро бо мӯҳри мақомоте, ки онро додааст, тасдиқ карда мешавад.
Ҳуҷҷати иҷро аз ҷониби суд ба ситонанда баъд аз эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ супорида мешавад, ба истиснои мавридҳои иҷрои фаврӣ, ҳангоме ки ҳуҷҷати иҷро пас аз қабули санади судӣ дода шавад. Ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё ин ки бо дархости ӯ барои иҷро бевосита аз ҷониби суд равон карда мешавад.
Супоридани ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор қабул гардидааст, барои иҷро мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар мӯҳлати зерин пешниҳод карда мешавад:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст-дар давоми се сол;
2) навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ-дар давоми се сол;
3) варақаи иҷрое, ки дар асоси ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст-дар давоми се сол;
4) варақаи иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитраж) дода шудааст-дар давоми се сол;
5) қарори суд, мақомоте (шахсони мансабдоре), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд-дар давоми шаш моҳ.
Дар ҳолатҳои зерин мӯҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:
1) бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро;
2) аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро.
Пас аз канда шудани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро давомияти вақт аз нав оғоз мегардад. Вақти гузашта то кандашавии мӯҳлат ба мӯҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бинобар сабаби пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз кандашавӣ, аз рӯзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.
Агар қарздор шахси воқеӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешаванд.
Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешаванд.
Иҷрои талаботи дар ҳуҷҷати иҷро муайяншудае, ки қарздорро барои иҷро намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд, дар маҳалли иҷрои ин амалҳо ба ҷо оварда мешаванд.
Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз тарафи як иҷрочии мақомоти иҷро ба иҷрочии дигари ин мақомот равона карда шудааст, аз тарафи охирон барои иҷро қабул карда мешавад. Маҳалли иҷрои амалҳои иҷро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро мавриди баҳс қарор намегирад.
Агар дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро тағйироте дар маҳалли истиқомати қарздор, ҷойи кор ва маҳалли ҷойгиршавии ӯ ба миён ояд ва ё муайян гардад, ки молу мулки қарздор, ки метавонад мавриди ситониш қарор гирифта шавад, дар маҳалли ҷойгиршавиаш мавҷуд нест, иҷрочии мақомоти иҷро фавран дар ин бора санад тартиб дода, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли нави истиқомати қарздор, ҷойи кори вай, маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли нави ҷойгиршавии молу мулки қарздор ирсол менамояд. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.
Агар амалҳои иҷро талаботи ситонандаро пурра қонеъ нагардонанд, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин хусус фавран санад тартиб дода, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро якҷо бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли ҷойгиршавии молу мулки боқимондаи қарздор мефиристад. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.
Агар ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро зарурат ба миён ояд, иҷрочии мақомоти иҷро дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти иҷро метавонад амалҳои иҷроро дар ҳудуд ё минтақае, ки салоҳияти ӯ дар он ҷо паҳн намегардад, ба анҷом расонад.
Амалҳои иҷро дар рӯзҳои корӣ аз соати 6 то 22 гузаронида мешаванд. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро дар давраи рӯзи корӣ аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд ҳуқуқ доранд вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани шубҳаи асоснок ба рафтори қарздор, ки ӯ метавонад моликияти ситонидашавандаро харҷ ё пинҳон кунад ё дигар амалҳоеро содир намояд, ки метавонанд дар мавриди ба таъхир гузоштан иҷрои ҳуҷҷати иҷроро душвору номумкин гардонанд, инчунин дар ҳолатҳои дигари таҳаммулнопазирии батаъхиргузорӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хатар эҷод мекунад ё ин ки ҳангоми анҷоми амалҳои иҷро бо гуноҳи қарздор дар вақти муқаррарнамудаи қонун номумкин бошад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад бо иҷозати суди маҳалли иҷро амалҳои иҷроро дар рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид ва шабона низ гузаронад.
Амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар мӯҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.
Амалҳои иҷро вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян) ӯҳдадор менамоянд, дар мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни соҳавӣ гузаронида мешаванд.
Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷати иҷро мансубанд:
1) оид ба ситонидани маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат, падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ (алиментҳо), музди меҳнат ё музди дигар барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рӯёнидани маблағи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷати иҷро рӯёнидани фаврии онҳоро пешбинӣ намояд;
2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;
3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;
6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;
8) оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар қонун ва ё ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ гардида бошад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


