“Мехоҳем донем, ки тафтишот чиро маълум кард”. Нигаронии пайвандони омӯзгори рабудашуда аз ифшо нашудани ҷузъиёти таҳқиқ

Asia-Plus

Наздикони Исмоил Раҳмонов, омӯзгори рабудашудаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки бо гузашти беш аз як моҳ аз рабуда шудани ӯ, додситонӣ онҳоро ба парванда шинос намекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, мақомот ба пайвандони муаллим Раҳмонов ҳушдор додаанд, ки ба расонаҳо сӯҳбат накунанд ва онҳо дар ин бора баёнот низ навиштаанд.

Муаллим Исмоил Раҳмонов моҳи июни соли 2023 аз яке аз маҳаллаҳои Душанбе рабуда шуд. Додситонии кулли кишвар баъдтар хабар дод, ки бо гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳ бо як нафари дигар боздошт шудааст. Парвандаи онҳо ба гумони одамрабоӣ дар баррасии Додситони кул қарор дорад.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз рабудани муаллим ва оғози парвандаву боздошти гумонбарон, пайвандони Исмоил Раҳмонов чанд маротиба барои шинос шудан бо парванда ба Додситонии кулл рафтаанд, аммо муваффақ нашудаанд.

“Дар ин бора хаттӣ ариза навиштем, ки аз ҷараёни тафтиши парванда моро огоҳ кунанд. Интизорем чӣ посух медиҳанд. То ҳол аз Исмоил ҳеҷ хабаре нест, зиёд мехоҳем донем, ки тафтишот чиро маълум кардааст”, – гуфтааст яке аз пайвандони Исмоил Раҳмонов, бо шарти ошкор нашудани номаш.

Аз Додситонии кулли кишвар ҳам ба ин расона гуфтаанд, “парванда ҳанӯз дар баррасӣ аст”, вале ҷузъиёте надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Исмоилҷон Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн аз ҷониби сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам ва шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович рабуда шудааст.

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", – навишт Додситонии кулл.

Ба навиштаи ин ниҳод, онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбати ҳарду бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а” ва “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба муттаҳамон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо дар сурати пайдо шудани ҷасади Исмоилҷон Раҳмонов, ба онҳо метавонанд то 25 соли зиндон барои куштор таҳдид кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...