Директори МТС: Тоҷикистон дар “муноқиша”-и байни Русия ва Украина мавқеи холисона дорад

Asia-Plus

Тоҷикистон дар робита ба “ҳаводисе, ки байни ду кишвар – Русия ва Украина ба вуқӯъ пайвастааст” мавқеи холисона дорад ва афазилияте ба ягон ҷониб намедиҳад. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти назди президенти Тоҷикистон гуфт ва таъкид кард, ки “Тоҷикистон кӯшиш мекунад, бо ҳарду ҷониб муносибати хуб ба роҳ монад”.

Ӯ, ки имрӯз, 4-уми август дар назди рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, зикр кард, ки Тоҷикистон дар ҳаводиси байни ду кишвар сиёсати амалгароёнаро роҳандозӣ намудааст ва бинбар ин, ин муноқиша ба суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон камтаъсир буд.

“Мо кӯшиш менамоем, дар ин вазъ пеш аз ҳама робитаро бо кишварҳои минтақа тақвият диҳем. Имрӯз кишварҳои минтақа муносиабтҳои иқтисодии худро ба ҳамдигар наздиктар кардаанд. Тақвияти муносибатҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат имконият фароҳам овард, ки таъсири манфии ҳодисаҳои Русия ва Укрина ба ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон камтар мушоҳида шавад”, – гуфт директори МТС.

Хайриддин Усмонзода заифтар шудани мавқеи Русия ва ҳамин тариқ, нуфузёбии мавқеи Чинро дар Тоҷикитсон баъди ҳаводиси Украина рад кард ва гуфт, “Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои таъсиргузор тавозунро риоя мекунад ва дар ин маврид афзалиятро ба ягон кишвар намедиҳад”.

“Дар ин маврид сиёсати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи фароминтақавӣ санҷидашуда аст ва он таконҳое, ки дар баъзе кишварҳои дигар дар масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ рӯй дод, дар мисоли Тоҷикистон ин паёмадҳо мушоҳида нашуд”, – гуфт ӯ.

Бо гузашти беш аз як сол аз муноқишаи Русия ва Украина Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ мавқеи худро дар робита ба ин ҳаводис баён накардааст ва ҳамин тариқ, ҳеҷ ҷонибро дастгирӣ нанамудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон аз мавқеи кишвар дар ин муноқишаҳо зиёд суҳбат накард ва бори дигар аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуда, гуфта буд, ки Тоҷикистон бо Украина низ муносибату хуб дорад ва “мо тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.

Ин дар ҳолест, ки чанд созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои ҳимоят аз Русия дар ин ҷанг танқид мекунанд.

Аз ҷумла, чанде пеш Иттиҳоди Аврупо ва Департаменти давлатии ИМА  гуфта буданд, ки бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Русия ҷиҳати убури таҳримҳо, таҳрим ҷорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...