Мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, набояд ба “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия пушиши сиёсӣ дод

Asia-Plus

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бозодшту таъқиб ва фишорҳои охир болои муҳоҷирони тоҷикро дар Русия “пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар ин кишвар” унвон кард ва гуфт, набояд “ба он пӯшиши сиёсӣ дод”.

Хайриддин Усмонзода, директори марказ 4 – уми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба масоили муҳоҷирон дар Русия пӯшиши сиёсӣ додан лозим нест. Зеро аксари иқдомоте, ки дар ин кишвар гирифта мешавад, барои пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ мебошад.

Ӯ дар ин раванд миёнаравҳои муҳоҷиронро, ки аксаран бо мақомоти қудратии Русия ҳамкорӣ доранд, гунаҳор кард, ки ба хотири пайдо кардани роҳи осони бақайдгирӣ, дарёфти ҷои кори муносиб ва ба расмиёт даровардани фаъолияти муҳоҷирон аз онҳо сӯистифода мекунанд.

Номбурда афзуд, ин масъла давоми моҳҳои охир бо ширкати мутахасисони МТС дар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дорад ва “итминони комил ҳаст, ки роҳҳои ҳалли ҳуқуқиашро пайдо мекунад”.

Даъват ба “пӯшиши сиёсӣ надодан” ба фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи маъмурони интизомии Русия дар ҳолест, ки вақтҳои охир зуҳуроти мазкур афзоиш ёфтааст.

Кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо – бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.

Кор ба ҷойе расидааст, ки кормандони мақомоти амниятии Русия ҳатто донишҷӯёни тоҷикро бе сабаб латукӯб намуда, бо гузашти моҳҳо сабаби чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.

Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.

Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.

Солҳои қабл низ мансабдорони сатҳи гуногуни Русия сари ҳар чанд вақт ва барои ба манфиати худ ҳал кардани ин ё он масъала ба ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва оқибатҳои ихроҷи онҳо ишораҳо мекарданд.

Барҷастатарин мисол раҳоии халабони рус дар соли 2011 буд, ки баъди боздошти онҳо мақомоти Русия ба боздошту ихроҷи оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон даст заданд. Зери чунин фишор, мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи маҳкум кардани халабонҳо, маҷбур гардид, халабонҳои муттаҳамро раҳо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...