Тафаккури интиқодӣ чист ва чӣ тавр онро метавон рушд дод?

Asia-Plus

Имрӯз мо дар асри иттилоот – асри интернет зиндагӣ мекунем. Асре ки дар як мижа задан иттилоот аз як кунҷи дунё ба кунҷи дигараш паҳн мешавад. Иттилоот аз манбаҳои мухталиф сарчашма мегирад ва на ҳамеша дақиқу ростин аст. Мутаассифона рӯз ба рӯз шумори хабару паёмҳои “фейкӣ”, бардурӯғ ва таҳрифшуда дар шабакаи интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ меафзоянд.

Танҳо ба туфайли тафаккури интиқодӣ, яъне бо назари шубҳа нигоҳ кардан ба маълумот, мо метавонем хабари бардурӯғро аз ростин ҷудо кунем. Барои ҳамин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи тафаккури интиқодӣ ва чӣ тавр рушд додани он ба шумо маълумот дихем.

 

Тафаккури интиқодӣ чист?

Тафаккури интиқодӣ яке аз малакаҳои асосии асри 21 аст, ки ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад кунад ё мавқеашро оиди ин ё он мавзӯъ муайян намояд. Тафаккури интиқодӣ ин қобилияти хуб ва оқилона андеша кардан аст, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд.

 

Чӣ бояд кард, то тафаккури интиқодиро рушд диҳем?

Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст. Барои рушди тафаккури интиқодӣ шахс бояд аз донишҳо ва маълумоти зиёд бархӯрдор бошад. Пеш аз баҳодиҳии интиқодӣ ба мушкилот, он бояд аз ҳама ҷониб таҳқиқ карда шавад: шахс бояд вазъро дар заминаи рӯйдодҳои дигар бубинад ва бо мурури замон рушди онро пайгирӣ намояд.

 

5 маслиҳати муфид барои рушди тафаккури интиқодӣ:

– Ҳамеша ба омӯзиши соҳаҳои гуногун машғул шавед, яъне ҷаҳонбинии худро дар ҳама самт васеъ гардонед;

– Адабиёти бадеӣ ва илмиро мунтазам мутолиа намоед;

– Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дарсҳои интернетӣ, ки дар порталҳои омӯзишӣ ва Youtube – каналҳо дастрас ҳастанд, тамошо намоед;

– Одамон ва рафтори онҳоро мушоҳида кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, то сабаби рафтори онҳоро фаҳмед ва стратегияи ҳамкорӣ дар вазъиятҳои гуногунро таҳия намоед;

– Бо мардум гуфтугӯ кунед, ба андеша ва таҷрибаи онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки мавқеи худро нисбати ягон масъала муайян намоед.

Дониши расонаии худро муккамал созед ва аз маълумоти бардуруг худ ва наздиконатонро эмин доред.

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...