Тоҷикистон теъдоди дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон ба беш аз 100 адад расонид

Asia-Plus

Баъди ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз ин кишвар, Тоҷикистон назорати марзро пурзӯр карда, теъдоди дидбонгоҳҳояшро ба беш аз 100 адад расонидааст. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар августи соли 2021 пайваста аз афзоиши хатар дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, дар қаламрави кишвари ҳамсоя гуруҳҳои зиёди террористӣ таҷаммӯъ кардаанд.

Хайриддин Усмонзода дар ин нишаст низ бори дигар аз афзоиши таҳдидҳо аз он сӯи дарёи Ому ба Тоҷикитсон ишора кард ва гуфт, ба ин хотир теъдоди дидбонгоҳҳо дар марз зиёд гардида, ба 100 адад расонида шуд ва як қисми онҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.

Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ аз сохтмони чанд дидбонгоҳи нав ва ҳамчунин, наздиктар кардани дидбонгоҳҳо ба марзи Афғонистон хабар дода буданд.

Аз ҷумла, Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯробод)  дар нишасти матбуотии зимистони соли равон гуфта буд, ки қисми низомиеро аз маркази ноҳия ба 12-километрии марзи Афғонистон кӯчонидаанд ва ҳадаф аз ин тасмим, қавӣ кардани назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст.

Ҳамчунин, дар ин нишаст, стратеги №1-и Тоҷикистон мавқеи кишвар нисбат ба Толибонро бори дигар шарҳ дода, гуфт, он тағйир наёфтааст, аммо равобити иқтисодӣ вуҷуд дорад.

“Мо бо назардошти ҳамсоягие, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиро қатъ намекунем. Барои он ки дастгирии мардуми Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон пеш аз ҳама ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аст. Тоҷикистон тамоми долонҳои нақлиётии худро дар ихтиёри тамоми кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои байналмилалӣ гузоштааст, ки метавонанд, кӯмакҳои башардӯстонаи худро ба ин кишвар расонанд. Вале дар мавриди муносибати сиёсӣ, мавқеи Тоҷикистон ба Толибон тағйирнопазир ва устувор аст”, – гуфт Хайриддин Усмонзода.

Ин мақомдори тоҷик бори дигар ба зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумол, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил таъкид карда, афзуд ин хостаи қариб тамоми кишварҳои олам аз ҳукумати Толибон аст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, роҳбарияти давлати Тоҷикистон мавқеи устувор ва оштинопазири худро алайҳи сиёсати ин гурӯҳ иброз намуда, зикр карда буданд, ки ягона роҳи шинохти расмии онҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул ва таъмини ҳуқуқи занон дар Афғонистон мебошад. Аммо давоми ду соли охир, баъзан гуфтугузорҳо аз робитаҳои мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони Толибон нашр мешавад. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, ки танҳо равобити тиҷоратӣ ба хотирӣ дастгирии мардуми Афғонистон ва ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба ин кишвар доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...