Тафсилоти садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб. КҲФ баъзе ҷузъиёт ва аксҳои садамаро нашр кард

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар пайи садамаи фоҷеабор ва пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мошини борбари “Дулан” ронандаи он – сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

“Ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз ӯ дигар мошинро идора карда натавонистааст ва дар натиҷа бо суръати бланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 10 нафар ҷон бохта, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ду нафар аз захмиён аз бистарӣ шудан ба беморхона худдорӣ кардаанд.

“Аз 10 нафаре, ки дар садамаи мудҳиш дар Кӯлоб ҷон бохтанд, се нафарашон сокинони хонаҳое будаанд, ки “Дулан” бархӯрд. Ҳафт нафари дигар ронандаҳое мебошанд, ки мошини боркаш онҳоро пахш кардааст. Дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон нестанд”, – хабар медиҳад КҲФ.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, хабар додааст, ки дар миёни фавтидаҳо як кӯдак ҳам ҳаст.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи садама 7 мошин ва 3 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати байниноҳиявии КҲФ дар минтақаи Кӯлоб барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибати садамаҳои нақлиётӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ сафарбар шуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз васоили махсуси фаннӣ ҷасади фатидагон ва захмиёнро аз мошинҳо ва биноҳои харобшуда берун овардаанд.

Ба иттилои ВКД, мошини боркаш ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ дорад.

Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин ҳордиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...