Аз минтақаи зериоби НБО “Роғун” 15 ҳазор нафар одамон кӯчонида шуданд

Asia-Plus

Дар давоми 11 соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» 3 ҳазору 211 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қариб 15 ҳазор нафар одамон кӯчонида шуданд ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи «Роғун» президенти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки нақшаи кӯчонидани деҳаҳои боқимондаи минтақаи зериобшаванда тибқи ҷадвали пур намудани обанбори неругоҳ идома дорад.

Президент зикр кард, ки бо мақсади дар маҳаллаҳои нави зист фароҳам овардани шароити мусоид иншооти зарурии инфрасохторӣ ва дар навбати аввал, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, барқ ва роҳҳо бунёд гардидаанд.

“Тайи солҳои 2011-2022 ва 6 моҳи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирон 119 иншооти инфросохторӣ – 9 мактаб бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст, 8 бунгоҳи тиббӣ бо 200 кат, 45 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 124 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 450 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, – хабар дод сарвари давлат.

Гуфта мешавад, дар ин давра барои омода намудани минтақаи зериобшавандаи неругоҳи «Роғун», дар маҷмӯъ, 784 млн сомонӣ азхуд гардидааст.

“Дар натиҷаи корҳои амалигардида тибқи нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда имрӯз маркази ноҳияи Нуробод ба як шаҳри воқеан замонавӣ табдил ёфтааст”, – иброз дошт президент.

Ба гуфтаи президент, вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмон, хусусан, марҳалаи то сатҳи 1185 метр аз сатҳи баҳр бардоштани сарбанд ва пур кардани обанбори неругоҳ нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021-2025 бомаром амалӣ гардида истодааст.

Ғайр аз ин, президент изҳор намуд, ки имрӯз дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки шумораи зикршуда барои бомарому босуръат идома додани корҳои сохтмон ҳоло ҳам кифоя нест ва “зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”.

Дар робита ба маблағгузории сохтмони иншоот президент иттилоъ дод, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи «Роғун» дар зарфи солҳои 2008-2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 млрд сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

“Танҳо соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмӯъ, 4 млрд сомонӣ равона намуд”, – гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷет 2,6 млрд сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи неругоҳи «Роғун» 427 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 млрд сомонӣ равона карда шуд.

“Яъне нақшаи солона 2,5 млрд сомонӣ буд, вале то имрӯз беш аз 3 млрд сомонӣ маблағгузорӣ гардид”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...