Дезинформатсия чист ва чӣ мақсадҳо дорад?

Asia-Plus

Бо донистани мафҳум ва намуду ҳадафҳои “дезинформатсия”, шумо метавонед онро зуд шиносед ва ба он дода нашавед.

Дар замони имрӯза миқдори иттилоот рӯз то рӯз меафзояд, ки ин хонандаро ба бунбаст гирифтор мекунад. Истеъмолкунандаи иттилоот намедонад ба кадоме аз маълумоти гирифтааш бовар намояд.

Бахше аз хабарҳои дар ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасида манфиати созмон ё ширкатҳои хусусиву давлатиро инъикос менамоянд. Ин ба он оварда мерасонад, ки эътимоднокии иттилоот барои истеъмолкунандагон (дар ВАО, Интернет, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ) якбора коҳиш меёбад.

Пахшкунандагони иттилоот на ҳама вақт ба дурустии маълумот таваҷҷуҳ мекунанд, онҳо маълумотро танҳо барои ба даст овардани фоида пахш менамоянд. Бинобар ин, вақтҳои охир тарзи пешниҳод ва сифати иттилоот паст шуда истодааст.

Имрӯз тасмим гирифтем дар бораи мафҳуми “дезинформатсия” ё иттилооти бардурӯғ маълумот дода Шуморо бо ҳадаф ва намудҳои он ошно намоем.

“Дезинформатсия” чист?

“Дезинформатсия” ин маълумоти махсуси бардурӯғест, ки ба душман ё шарики тиҷорат бо мақсади самараноктар гузаронидани мубориза, ҳамкорӣ, санҷиши ихроҷи иттилоот ва самти интиқоли он ва ё дарёфти муштариёни эҳтимолӣ дар бозори сиёҳ пахш мешавад.

Инчунин мафҳуми “дезинформатсия” ҷараёни коркарди таҳрифи иттилоотро низ ифода мекунад. Масалан: Гумроҳ намудани шахс бо роҳи пешниҳоди маълумоти нопурра ё пурра, иттилои нодаркор, тағйири мазмун ва қисман таҳриф намудани иттилоъ.

Мақсадҳои «дезинформатсия»:

– гумроҳ кардани шахс ё гурӯҳи одамон;

– таҳти таъсир (манипулирование) қарор додани шахс ё гурӯҳ;

– ташаккули афкори ҷомеа дар бораи ягон мушкилоти ҷомеа ё объект.

Гумроҳнамоӣ ин фиреби мустақим ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ нест. Дасткорӣ (манипулятсия) усули таъсиррасонӣ мебошад, ки бевосита барои тағйир додани самти фаъолияти одамон равона карда шудааст. Таҳти таъсир гузоштан (манипулирование) ба қисмҳои зерин ҷудо мешавад:

– мустаҳкам кардани арзишҳои мавҷуда дар зеҳни мардум, ки барои дасткор (манипулятор) муфид мебошанд (ғояҳо, муносибатҳо …);

– қисман тағйир додани нуқтаи назари одамон оид ба ягон воқеа ё вазъияти мушаххас;

– ба таври қатъӣ тағйир додани муносибатҳо ба зиндагӣ;

Саводи расонаи  худро муккамал созед ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунед. Ба он чизҳое, ки тамошо мекунед, мебинед ва мехонед интиқодӣ назар кунед. Хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунед, то дар он тарғибот, сензура ва ё яктарафагии иттилоъро дарк карда тавонед.

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...