Афзоиши пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон. Аммо мушкил ҳоло ҳам боқӣ мондааст

Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли равон дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонии Тоҷикистон тахминан ба маблағи 22 млн сомонӣ амалиёти ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохт ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода шудааст, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 52,1% зиёдтар аст.

Маблағи умумии пардохти арзиши молу хидматрасонӣ тариқи амалиёти ғайринақдӣ 5,5 млрд сомонӣ (ҳудуди 505 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки 83,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

“Ҳиссаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ба 17% расида, зиёдшавии он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 банди фоизиро ташкил дод”, – таъкид мекунанд дар Бонки миллӣ.

Бино ба маълумоти Бонки милии кишвар, шумори кортҳои бонкии нашршуда дар гардиш 5,9 млн ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42% зиёд шудааст.

Шумори умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 7,5 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 млн адад ё худ 52,6% зиёдтар аст.

Дар Бонки миллии ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки барои хидматрасонӣ ба моликони кортҳои пардохт дар ҷумҳурӣ 1946 банкомат ва 7434 терминалҳои электронӣ гузошта шудааст.

“Ғайр аз ин, то 30 июни соли 2023 дар муасисаҳои савдо ва нуқтаҳои хидматрасонии кишвар 20051 QR-код истифода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5226 ё худ 35,3% бештар мебошад”, – илова кардаанд дар Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ва баъзе масъулини давлатӣ низ эътироф мекунанд, ки дар Тоҷикистон шароити комил барои пурра ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ мавҷуд нест.

Масалан, чанде пештар Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки ин ноҳияи дурдаст буда, дар он ҷо суръати интернет суст аст ва инчунин, таҷҳизоти ширкатҳои мобилӣ низ кӯҳна шудаанд.

“Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб  надоранд. Ба фикри  шахсии ман муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ  барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ  омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад. Зеро  мардуми мо ба додани пули нақд одат кардаанд ва ба ин чиз омода нестанд”, – афзуд Аъзам Ализода.

Дар матлаби таҳиякардаи пойгоҳи иттилоотии "Кабар" низ масъалаи омодагии Тоҷикистон ба гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба таври васе баррасӣ гардидааст, ки метавонед инҷо мутолиа кунед.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 августи соли ҷорӣ пардохти арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...