Бонки миллӣ ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк”-ро барқарор мекунад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба сифати яке аз қарздиҳандагони “Тоҷпромбонк” барои барқарор намудани ҷараёни барҳамдиҳии ташкилоти мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат кард”, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини якуми раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода.

Ӯ зикр кард, ки “Тоҷпромбонк” бояд уҳдадориҳои боқимондаашро дар назди қарздиҳандагон иҷро кунад.

Ба гуфтаи Толибзода, ташкилоти мазкур дороиҳоеро дар ихтиёр дорад, ки аз ҳисоби онҳо бояд маблағи саҳмгузоронро баргардонад.

Қаблан рӯзи 7 август раиси Суди олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотӣ дар ин робита хабар дод, ки “дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1-уми августи соли 2023 қатъ карда шудааст. Яъне муҳлат тамдид карда нашудааст”.

Додраси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Зулфия Саидзода, ки қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро имзо кардааст, иброз намуд, ки парвандаи муфлисшавӣ ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн. сомонӣ маблағи амонати худро, ки дар бонк буд, бозпас гирифтанд.

Ба қавли номбурда, амонатгузороне, ки маблағи худро гирифта натавонистанд, низ то ҳол ҳастанд.

“Бегумон, як қисми амонатгузорон мондагӣ ҳастанд. Бинобар сабабе, ки моликияту дороиҳо баҳснок буданд, додгоҳ аз қабули қарор худдорӣ кард. “Тоҷпромбанк” ҳам имконият надошт, ки ба амонатгузорон маблағи нақд диҳад”, – гуфт Зулфия Саидзода.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, мудири махсус ва барҳамдиҳандаи “Тоҷпромбонк” аз Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” муфлисшавии бонкро тасдиқ кард ва гуфт, 169 нафар то ҳол ба маблағи 26,6 млн сомонӣ маблағи худро гирифта натавонистаанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, мурофиаи муфлисшавии бонк ба охир расидааст ва то мурофиаи дигар, ки маълум нест кай баргузор мешавад, маблағи амонатгузорон баргардонида намешавад.

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро бо чаҳор банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...