Вазъи Афғонистон ва дониши соҳибкорон. Давлаталӣ Саид ду монеаи сармоягузорӣ ба вилояти Хатлонро гуфт

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Вазъи ноороми давлати ҳамсояи Афғонистон ва дониши нокифояи соҳибкорони вилояти Хатлон ду монеаи аслии сармоягузорӣ ба ин минтақа будааст. Дар ин бора Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дирӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ба қавли Давлаталӣ Саид дар самти ҷалби сармоя се омили асосӣ таъсиргузор мебошад: санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, амният ва дониши соҳибкорон.

“Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии зарурӣ таҳия ва қабул шудааст ва онҳо ба талаботи муқаррарнамудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аммо ду омили дигаре ҳаст, ки моеаи ҷалби сармоя ба вилояти Хатлон шудаанд. Ин, пеш аз ҳама, вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя ва дониши нокофии соҳибкорони минтақа мебошад”, – гуфт Давлаталӣ Саид.

Ба ақидаи раиси вилоят, дар харитае, ки фазои сармоягузориро муайян мекунад, як қисми Тоҷикистон бо ранги сурх ишора шудааст ва он минтақа вилояти Хатлон мебошад.

“Ин вобаста ба вазъи  кишвари ҳамсоияи мо – ҶИ Афғонистон аст. Яъне нооромиҳои ин кишвари ҳамсоя ба фазои сармоягузории мо таъсир мерасонад. Мо бо ин кишвар ҳудуди 750 км сарҳад дорем. Инро сармоягузорони хориҷӣ чун хавф қабул мекунанд”,- гуфт ӯ.

Омили дигарро Давлаталӣ Саид ба сатҳи дониши соҳибкорону саромядорони маҳаллӣ рабт дод.

“Мо сармоядоронро даъват намекунем, вале онҳо бо соҳибкорон кор мекунанд. Яъне дар якҷоягӣ корхонаи муштарак месозанд ва ё дигар намудҳои фаъолиятро дар ҳамбастагӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, саволе пайдо мешавад, ки соҳибкорони мо барои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ то куҷо омодаанд?”, – суол гузошт раиси вилоят.

Давлаталӣ Саид гуфт, ки новобаста аз муаммоҳои зикршуда, барои ҷалби бештари сармоя ба вилоят талош дорад ва кӯшиш мекунад, то фазои сармоягузорӣ дар минтақа беҳтар гардад.

Бояд зикр кард, ки Давлаталӣ Саид баъди раиси вилоят таъин шудан, ин марортибаи дуюм аст, ки аз фазои соҳибкорӣ дар минтақа интиқод мекунад. Қаблан ӯ аз масъулини вилоят талаб карда буд, ки муносибати худро ба бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ тағйир диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...