Аз Тоҷикистон чанд кас барандаи “Green Card-2023” шуд? Амрико теъдоди ғолибонро эълон кард

Asia-Plus

Имсол аз Тоҷикистон 3 ҳазору 580 нафар барандаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико шудаанд. Ин нисбат ба соли гузашта қариб 1 ҳазору 100 нафар ва назар ба 5 соли пеш қариб 2,2 ҳазор нафар бештар мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри як гузориш хабар дод, ки дар соли 2023 дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон барандаи “Green Card” гардидаанд: 5555 нафар.

Сокинони Ӯзбекистон соли гузашта ҳам пешсаф буданд: 5 ҳазору 511 нафар. Панҷ сол пеш 1 ҳазору 743 шаҳрванди Ӯзбекистон корти сабзи Амрикоро бурида буданд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамасола аз ҳама кам шаҳрвандони Туркманистон соҳиби “Green Card” мешаванд. Дар соли 2023-юм 1 ҳазору 313 нафар, дар соли 2022-юм 555 кас ва панҷ соли пеш 515 нафар туркманистонӣ соҳиби корти сабзи Амрико гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2023-юм 4 ҳазору 464 шаҳрванди Қирғизистон ва 2 ҳазору 728 нафар шаҳрванди Қазоқистон соҳиби корти сабзи Амрико шудаанд. Соли гузашта 1 ҳазору 908 шаҳрванди Қазоқистон ва 2 ҳазору 846 шаҳрванди Қирғизистон барандаи “Green Card” шуда буданд. Ин рақам панҷ сол пеш дар Қазоқистон 1 ҳазору 584 нафар ва дар Қирғизистон 1 ҳазору 223 кас буд.

 

 

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Барномаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико яке аз имкониятҳои хуб барои тоҷикон аст, ки ба ин кишвар сафар кунанд ва бо ин мақсад ҳамасола ҳазорҳо тоҷикистонӣ дар “Green Card” бахти худро месанҷанд.

Оморе, ки имрӯз, 17-уми август Департаменти давлатии ИМА эълон кард, натиҷа дархостҳое аст, ки шаҳрвандон аз 5-уми октябр то 8-уми ноябри соли 2022 пур карда буданд. 6-уми майи соли 2023 натиҷаи дархостҳо эълон гардид.

Имсол ИМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар супоридани корти сабз чанд сабукӣ дод. Аз ҷумла, соли гузашта тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар лотерея иштирок кунанд. Қаблан барои пешниҳоди дархост доштани шиносномаи хориҷӣ зарур буд.

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли гузашта ба шаҳрвандони Тоҷикистон дигар лозим нест, ки дар сурати бурд барои дарёфти раводид (виза) ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ раванд. Онҳо раводиди ИМА-ро дар сафорати ин кишвар дар Душанбе гирифта метавонанд. Пеш барои гирифтани раводид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба Қазоқистон рафта, онро дар сафорати ИМА дар Алмато дастрас мекарданд.

Дар асоси талботи мавҷуда дарёфти корти сабз ҳанӯз кафолати пурраи ба даст овардани раводид ё визаи ИМА нест. Қадами дуввум ин аст, ки ғолиб ба консулгарии ин кишвар даъват мегардад ва ҳама маълумоте, ки ӯ дар барнома ворид кардааст, санҷида ва чанд қадами дигарро тай мекунад.

Ҳамасола даҳҳо нафар барои нодуруст пур кардани аризаи электронӣ ё дигар камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳо аз рафтан ба Амрико маҳрум мешаванд.

Ҳар сол Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 000 раводиди иқомати доимӣ (грин-корт – корти сабз) медиҳад.

Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.

Аз  матлаби таҳиянамудаи мо шумо дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан дар сурати пирӯзӣ маълумоти муфид пайдо карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...