Пешниҳод: Кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия қабул накунед

Asia-Plus

Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Дар онҳо манъи қабули кӯдаконе, ки ба забони русӣ ҳарф намезананд, ба мактабҳо ва таълими забони русӣ ба кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон дар марказҳои махсус пешбинӣ шудааст.

"Дар мавриди кӯдаконе, ки дар мактаб таҳсил мекунанд, имрӯз қонун иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконро ба мактаб қабул накунанд. Ин маънои онро дорад, ки қонун бояд тағйир дода шавад. Ва дар қонун бояд ду ҳолат вуҷуд дошта бошад – ба мактаб қабул накардани кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ва дар ҳамин қонун бояд таълими забони русӣ ба онҳо дар марказҳои махсус пешбинӣ шуда бошад”, – гуфтааст Фадеев дар нишасти матбуотӣ бахшида ба қонунгузории муҳоҷират, хабар медиҳад “Интерфакс”.

“Тағйироти дахлдор «ба амалӣ гардондани Конститутсия, тарбияи кӯдак ва муътадил таҳсил кардани ӯ дар мактаб имкон медиҳад, – иброз доштааст ӯ. – Қонун бояд тағйир дода шавад ва то ҷое, ки ман огаҳам, Вазорати маориф рӯи он кор мекунад”.

Дар посух ба саволи кай қабул шудани чунин меъёр, ӯ зикр кардааст, ки “вазифа гузошта шавад, ки ин низом то 1 сентябри соли 2024 омода гардад”.

Дар робита ба омӯзиши забони русӣ ба кӯдакони муҳоҷир, Фадеев изҳор намудааст, ки бояд марказҳои махсус таъсис дода шаванд ва ба кӯдакон дар он ҷо бояд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода, муаллимони мувофиқ низ бояд бошанд, ки чӣ тавр ба ин гуна кӯдакон забон омӯхтанро донанд.

Ба ақидаи Фадеев, таълим дар чунин марказҳо бояд аз ҳисоби маблағҳои давлат таъмин карда шавад.

“Саволе ба миён меояд – чӣ гуна ва аз кадом ҳисоб бояд омӯзонид? Пешниҳодҳое садо медиҳанд, ки ин марказҳо бояд тиҷоратӣ (пулакӣ) бошанд. Ман ба ин начандон мутмаинам (…). Агар мо муҳоҷиронро даъват кунему чунин шуморем, ки онҳо барои кишвари мо лозиманд, пас шояд ин кӯдаконро лозим меояд, ки аз ҳисоби давлат таълим диҳем. Ин мавқеи ман аст. Ба дӯши муҳоҷирон бор кардани тадбиру хароҷоти иловагӣ начандон одилона аст”, – таъкид доштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...