Эмомалӣ Раҳмон: “Асри 21 – асри рушду тараққиёти ВМКБ”

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз, 18 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Зикр шуд, ки дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 млрд сомонӣ равона карда шудааст.

“Мо асри 21-ро маҳз ба ҳамин хотир, асри рушду тараққиёти ВМКБ эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем”, – таъкид дошт ӯ.

Президент зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 млрд сомонӣ амалӣ гардидааст.

“Айни замон дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд”, – гуфт сарвари давлат.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 млрд сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 млрд сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, – зикр кард президент.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 млрд сомонӣ ба истифода супорида шудааст.

“Ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз корҳои сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ ба анҷом расидаанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар кишвар, аз ҷумла дар ВМКБ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин давра дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 млрд сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 млрд сомонӣ идома доранд.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Помир энерҷи» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин, офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар зарфи 20 соли охир ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 млрд сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 млрд сомонӣ маблағ равона гардида, 1465 иншооти таъиноти иҷтимоиву иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ шудаанд.

“Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати мардуми сарбаланди ВМКБ итминони комил дорам ва бо эътимоду дилпурона иброз медорам, ки онҳо дар оянда низ тамоми саъю талоши худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар месозанд”, – таъкид дошт дар фарҷоми суханрониаш сарвари давлат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...