Рустами Эмомалӣ дар Пекин нимпайкараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ифтитоҳ кард

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Чин рӯзи 22-юми август дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин нимпайкараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ифтитоҳ ва суханронӣ кард. Дар ин бора Маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Манбаъ менависад, нимпайкара дар мувофиқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Осорхонаи Ҷинтайи Чин аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода шудааст.

Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини ашъори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сабт шудаанд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд дар роҳи дониш бениёз.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ аз ҷумла гуфтааст, пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти Шарқ нақши калидӣ дошта, назми нотакрори ӯ ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ ва пурмӯҳтаво гардонидааст.

Шаҳрдори Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати мардумии шаҳри Пекин, инчунин ба аҳли эҷод ҷиҳати бунёди нимпайкараи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Пекин изҳори миннатдорӣ кардааст.

Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ  аз кишварҳои гуногуни  ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...