“Фактҳои раднопазир дар бораи шахсиятҳо, таърих ва тамаддуни тоҷикон”. Китоби нави Акбар Турсон дар бораи Ғафуров ва Осимӣ

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 25-уми август, китоби ҷадиди академик Акбар Турсон бо номи “Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) рӯнамоӣ гардид. Дар рӯнамоӣ чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанги кишвар ҳузур доштанд.

Ин асар бахшида ба гиромидошти академикҳои Академияи илмҳои СССР ва Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ таҳия шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни муаррифии ин китоб гуфт, “академик Акбар Турсон дар “Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал” ҳама гуна бӯҳтону тӯҳматномаҳое, ки бар зидди миллати тоҷик ва шахсиятҳои миллии мо равона шуда буд, илман ва бо факту далел рад кардаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, қисмати асосии китобро посухи раднопазир ва дандоншикани Акбар Турсон ба як иддаои Борис Литвинский ташкил медиҳад. Шарқшиноси рус Борис Литвинский қаблан даъво карда буд, ки дар таҳияи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров “саҳм дорад ва ҳаммуаллиф аст”.

“Он посухи устод Акбар Турсон ба иддаои шарикиаш дар китоби “Тоҷикон”, ки устод солҳо пеш навишта буданд, дар ин китоб пурратар ва бо факту далоили боз ҳам раднопазир ва дандоншикан оварда шудааст. Ин посухи академик Акбар Турсон миллат ва чеҳраи барҷастаи миллии моро аз як тӯҳматнома раҳонид”, – гуфт президенти АМИТ.

Инчунин, дар қисми дигари китоби “Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал” дар бораи корнома ва фаъолияти илмиву ҷамъиятии академик Муҳаммад Осимӣ муфассал гуфта шудааст.

Ин китоб дигар тӯҳматномае, ки гӯё Абӯалӣ ибни Сино турк ва ё турктабор буд, дар бораи аҷдодони Сино ҳарф зада, бо далелҳои раднопазир рад кардааст.

“Дар ин китоб ба ягон шахсияте, қавме, миллате таҳқиру тавҳин нашудааст, танҳо хоста шудааст, ки ба шахсият, фарҳанг ва тамаддун ва арзишҳои мънавии миллати тоҷик аҷр гузошта шавад”, – таъкид кард Фарҳод Раҳимӣ.

Академик Акбар Турсон кӯтоҳ ҳадаф аз навиштани ин китобро гуфт, “дар ин китоб хостам, ки аз шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ва таъриху тамаддуни дуру наздики худ, каме ҳам бошад, ҳимоят кунам”.

“Мо то ба ҳол натавонистем, ки аз шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ва таъриху тамаддуни дуру наздики худ ҳимоят кунем, онҳоро ҳифз намоем ва баҳраманд шавем. Ин китобро ба он хотир бо забони русӣ навиштам, ки ба дасти аудиторияи васеътар бирасад ва огоҳ бошанд, ки тоҷикон чӣ гуна миллатанд”, – афзуд муаллиф.

Ин академик илова кард, “беҳтар аст, ки мо се шахсияти барҷаста – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро муқаддасоти миллати тоҷик эълон кунем, зеро онҳо муаррифгари миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ буданд ва барои худшиносӣ ва худогоҳии миллати мо заминаҳои амиқ гузоштанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмияш фалсафа, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ аст ва дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст.

Ӯ муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи як қисм асарҳои АИ ИҶШС, аз ҷумла «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафаи фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаҳои фалсафии астрономия» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) мебошад.

Акбар Турсон солҳо дар Амрико умр ба сар мебурд, бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргашт ва аз соли 2011 то соли 2015 ба ҳайси директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолият намуд.

Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...