Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати CAFA-2023

Asia-Plus

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023)  байни бозигарони то 17-сола пирӯзӣ ба даст овард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ тими наврасон – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Гуфта мешавад, дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Ӯзбекистон (2:0) ғалаба карда, аз мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Ӯзбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқот ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат доштанд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари мунтахаби Ӯзбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ва ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозигари чемпионати CAFA-2023 эътироф карда шуд.

Ҷадвали ниҳоии мусобиқа

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...