Суғд: Дар шаш моҳ 7 модар фарзанди худро латукӯб кардаанд

Масъулини ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, аз зӯроварии волидайн нисбати фарзандонашон, ки гоҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта боиси баҳсҳои тунд мешавад, огоҳанд ва бо чанде аз чунин модарон суҳбат ҳам кардаанд. Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд хабар дод, ки дар вилоят дар 6 моҳи соли равон 7 ҳолати […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Масъулини ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, аз зӯроварии волидайн нисбати фарзандонашон, ки гоҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта боиси баҳсҳои тунд мешавад, огоҳанд ва бо чанде аз чунин модарон суҳбат ҳам кардаанд.

Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд хабар дод, ки дар вилоят дар 6 моҳи соли равон 7 ҳолати хушунати модар нисбат ба фарзанди ноболиғ ба қайд гирифта шудааст.

Ӯ гуфт, дар баъзе ҳолатҳо аз болои зане, ки ба фарзандаш хушунат мекунад, шавҳарон ва дар мавридҳои дигар худи зан баъди амалкардаш бо худиқрорӣ муроҷиат мекунад. 

“Маҳз барои аз роҳи зӯроварӣ баргардонидан моҳи ноябри соли 2022 дар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд “Утоқи кор бо зӯроварон”  амал мекунад. Ин утоқ  бо шахсони зӯровар сарукор дорад ва кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонад, аммо таъйини ҷазо дар салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли ҷорӣ чанд навори хушунати модар ё падар нисбати ба кӯдаки хурдсоли худ ва ҳатто латукӯби беҳармона аз сӯи онҳо расонаӣ шуд ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард.

Яке аз чунин модарон  Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд аст. Навори лату кӯби кӯдак ба шавҳари собиқаш Сайфиддин Алиев мерасад ва падари кӯдак наворҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид.

Додситонии кулл гуфт, нисбати Холиса Шоева барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон) парвадаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин банди қонунгузорӣ аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ё “маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати ду сол”-ро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.