Ҷаримаи сокини Душанбе барои партофтани партов дар канори роҳ

Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Владимир Ставичний барои партофтани партовҳо  дар макони муқаррарнашуда ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия шахсияти Ставичнийро тавассути навори видео дар шабака муайян кардаанд. Владимир Ставичний, сокини кӯчаи Шота Руставели партови атрофи хонаи худро ҷамъоварӣ намуда, тавассути автомашинаи худонро  ба канори роҳи мошингард гузоштааст.

“Ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандону атрофиён гашта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардидаанд”, -омадааст дар хабари Раёсат.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 452 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар ин модда ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 3 то 5, ба шахсони мансабдор – аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар хабари Раёсати зимнан зикр мегардад, ки канори роҳ аз партовҳо пурра тоза карда шуда, бо сокинони кӯчаи мазкур ҷиҳати истифода аз партовгоҳ ва ба тозагӣ риоя намудан, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...