Табиби Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”, ки боиси марги духтари ноболиғ шуда буд, ба 6 соли зиндон маҳкум гардид

Asia-Plus

Расул Ҳоҷиев, табиби Беморхонаи Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе барои бархато гузаронидани дору ба Севинч Шукурова, як бемори ноболиғ, ки боиси маргаш гашт, ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Волидони духтари фавтида аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд, вале табиб дар сухани охиринаш аз ҳукм норозигӣ кардааст.

Дар ин бора Рдиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, ҳукмро рӯзи 19-уми сентябр Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир кардааст ва табиби Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" ба "номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ" (моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Бар асоси ҳукм, Расул Ҳоҷиев ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум гардида, баъди адои ҷазо, се соли дигар ҳақ надорад ба кори табибӣ машғул шавад.

Шоира Зуҳурова, модари духтари фавтида, баъд аз эълони ҳукм ба ин расона гуфтааст, ки аз қарори додгоҳ розӣ аст.

“Дуруст аст, ки духтари ман дигар зинда намешавад. Вале ин ҳодиса метавонад як тағйироти мусбӣ дар ин бахш биёрад ва дигар чунин ҳолатҳо рух надиҳад”, – гуфтааст Зуҳурова.

Аммо яке аз наздикони табиби маҳкумшуда гуфтааст, ки Расул Ҳоҷиев дар сухани охирин дар додгоҳ аз модари духтари фавтида узрхоҳӣ карда, гуфт, ҳеҷ гоҳ намехост чунин ҳодиса рух диҳад ва ҳамчунин гуфтааст, падари чор фарзанди ноболиғ будани ӯро ҳам ба назар гиранд.

Табиб баъд аз эълони ҳукм норозигӣ кардаааст. Ҳоло маълум нест, ки ӯ аз рӯи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят мекунад ва ё на.

Бояд гуфт, ки Расул Ҳоҷиев, духтур-ҷарроҳи Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба Севинч Шукуроваи 17-сола, ки боиси марги ахирӣ шуд, гумонбар дониста мешуд.

Қаблан модари Севинч Шукурова тафсилоти қазияи рухдодаро дар як мактуби кушод ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гуфта ва даъво оварда буд, ки духтари 17-солааш бо сабаби саҳлангорӣ ё хунукназарии духтури номбурда ба ҳалокат расидааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Севинч Шукурова ва баҳсҳое, ки дар пайи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархост, "Азия-Плюс" дар барномаи “Рости гап” қазияи мазкур ва дар умум, ҳолати бахши тибби кишварро бо ширкати табибону мутахассисон баррасӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...