Пас аз 5 моҳи боздошт, Русия 26 шаҳрванди Тоҷикистонро хориҷ кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мақомоти Русия як ширкатро барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва нопардохти андоз муттаҳам карда, 26 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар он фаъолият доштанд, чун “шоҳид” боздошт ва пас аз панҷ ба Тоҷикистон хориҷ кардааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар сомонаи худ менависад, ки ихроҷи 26 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик баъди мулоқот бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Раёсати ВКД ва масъули Хадамоти федералии приставҳои судӣ дар вилояти Владимир имконпазир шудааст. Онҳо рӯзҳои 26 ва 28-уми сентябр ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Нисбати саҳомони ширкати СИ “Саломонов О”, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро ба кор ҷалб карда, барояшон ҳуҷҷат таҳия карда буд, бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва напардохтани андоз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

“Ширкати мазкур, ки дар он то 2000 коргарони маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба корҳои чорводорӣ, сохтмон, гармхона, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, ҳасиббарорӣ ва ғайра машғул буданд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти муҳоҷирон ва қайди муҳоҷиратиро қалбакӣ намудааст”, – зикр мешавад дар иттилоия.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки чаро барои кирдори ғайриқонуни саҳомони ширкати СИ “Саломонов О” муҳоҷирони тоҷик, ки “шоҳид” будаанд, ихроҷ шудаанд. Дар ҳоле ки онҳо низ фиребхӯрдаанд.

Ёдовар мешавем, ки наздики шаш моҳ инҷониб дар гӯшаву канори Русия рейдҳои зиддимуҳоҷирон идома дорад ва дар он садҳо шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, ҳуҷҷатҳояшон санҷида шудааст.

Ҷойҳое, ки кормандони мақомоти қудратии Русия рейд мегузаронанд, аслан ширкатҳои сохтмонӣ, бозор ва масҷидҳои ҷомеа мебошанд. Кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро бештари вақт ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин бархӯрд ба муҳоҷирон тоҷиконро натиҷаи рейдҳои нақшавии мақомоти Русия унвон карда гуфтанд, “дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”.

Аз ҷумла, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда буд, ки “Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо аз Русия талаб мекунад, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳуқуқу озодиҳои заминавии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро риоя кунад.

Қабл аз ин, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии Русия рабт дода буд.

Ҳоло низ хабарҳо дар бораи боздошту тафтиш ва дар баъзе ҳолат, озори муҳоҷирони тоҷик расонаӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.