Сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ кард, ки миёни муҳоҷирони боздоштшуда тоҷикон ҳам ҳастанд

Дар миёни 540 нафар муҳоҷири корие, ки дар шаҳри Краснодар аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуданд, тоҷикон низ ҳастанд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, бархе тоҷиконро барои вайрон кардани қоидаҳои давлати иқомат аз Русия ихроҷ кардаанд. Аз сафорат аз додани теъдоди муайяни муҳоҷирони тоҷики […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар миёни 540 нафар муҳоҷири корие, ки дар шаҳри Краснодар аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуданд, тоҷикон низ ҳастанд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, бархе тоҷиконро барои вайрон кардани қоидаҳои давлати иқомат аз Русия ихроҷ кардаанд.

Аз сафорат аз додани теъдоди муайяни муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда ва ихроҷшуда худдорӣ карданд ва танҳо гуфтанд, “айни замон теъдоди муҳоҷирони тоҷики ихроҷшуда муайян шуда истодааст”.

Дирӯз, 28-уми август расонаҳои русӣ хабар доданд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирон дар рафти кор дар яке аз ширкатҳои биносоз рӯзи 25-уми август боздошт шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Гуфта мешуд, ки ҳуҷҷатҳои боздоштшудагонро тафтиш карда, аксариятро ҷавоб доданд. Онҳое, ки қоидаҳои давлати иқоматро вайрон карданд, аз Русия ба кишвари худ ихроҷ карда шуданд

Рейди густардаи муҳоҷирон аз сӯи Кумитаи тафтишот ва Хадамоти федералии амнияти Русия баргузор гардидаанд.

Беш аз се моҳ мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Русия рейдҳои густурдаи мақомоти интизомӣ баргузор гардида, муҳоҷирон тафтиш, боздошт ва ихроҷ мешаванд.

Аз ҷумла, кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо – бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин бархурд ба муҳоҷирон тоҷиконро натиҷаи рейдҳои нақшавии мақомоти Русия унвон карда гуфтанд, “дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”.

Аз ҷумла, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда буд, ки “Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо аз Русия талаб мекунад, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳуқуқу озодиҳои заминавии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро риоя кунад.

Қаблан, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии ин кишвар рабт дода, гуфта буд, муҳоҷирони тоҷикро дар бораи “рейд”-ҳо огоҳ карда буданд.

Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.

Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио