Боздошти марде, ки 13 занро ба никоҳи худ дароварда буд

Ҳасан Мухтаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ дароварда, бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Ҳасан Мухтаров худро эшон гирифта, барои ҷинхонӣ ба хонаи мардум рафта, пас аз дуохонӣ, ба […]

Asia-Plus

Ҳасан Мухтаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ дароварда, бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Ҳасан Мухтаров худро эшон гирифта, барои ҷинхонӣ ба хонаи мардум рафта, пас аз дуохонӣ, ба боварии занҳои бева ва духтарони хона даромада, бидуни шоҳид ва мулло, онҳоро худаш ба никоҳаш даровардааст.

Дар “Ахбори ВКД” занҳо ном гирифта намешаванд, вале дастикам 7 зан шаҳодат медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд.

Як зан мегӯяд, “Ҳасан Мухтаров барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”.

Зани дигар дар навор иброз медорад, ки 10 рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳамсуҳбат шудаанд, ӯ худро эшон муаррифӣ кардааст ва баъди он ҳамдигарро дидаанд ва никоҳ кардаанд.

“Бо Ҳасан Мухтаров 4 моҳ зиндагӣ кардам. Баъди он фаҳмидам, ки эшон боз оилаи дигар доштааст. Ҷангҷол кардам ва ҷудо шудем”, – мегӯяд ин зани ҷавон.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳасан Мухтаров бо эшонзода муаррифӣ кардан ба боварии занҳо даромада, дар ин муддат 13 зану духтарони хонаро ба никоҳаш даровардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, қаблан Мухтаров барои таъмин накардани манзили зист ба оилааш ва напардохтани алимент суд шуда будааст.

Мақомот аз моддаи махсус ном набурдаанд ва танҳо гуфтаанд, ки ӯ ба иттиҳоми бисёрҳамсарӣ гумонбар аст.

Эҳтимол ин моддаи 170 Кодекси ҷиноятӣ “Дузанагӣ ё серзанагӣ” аст, ки дар он дар сурати исботи гуноҳ, ба ҷинояткор аз 68 ҳазор сомонӣ то 136 ҳазор сомонӣ ҷарима ё  ҷазои панҷ соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Назари худи Ҳасан Мухтаров ва наздикону вакили дифои ӯ дар робита ба ин иддао дастрас нест.

Ҳарчанд дар асоси қонунгузории кишвар бисёрзанӣ дар Тоҷикистон манъ аст, вале теъдоди мардоне, ки ду ҳамсар ё зиёда аз он доранд, зиёд аст.

Бар тибқи омори вазорати адлия, ки Радиои Озодӣ онро рӯзи 12-уми феврал расонаӣ кард, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон муфаттишон 254 парвандаи бисёрзаниро таҳқиқ кардаанд ва аз ин миён 222 нафар барои издивоҷ бо ду зан ва ё ҳатто бештар аз он ҷазо гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.