Рақобати Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC доир намегардад

Рақобати размикори тоҷик дар қувваозмоиҳои омехта Муин Ғафуров бо варзишгари фаронсавӣ Тэйлор Лапилус, ки бояд рӯзи 2 сентябр дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 226 дар Париж баргузор мешуд, доир намегардад. Дар ин бора дар торнамои La Sueur хабар дода мешавад. Сабаби бекор шудани рақобат мушкили марбут ба раводиди Ғафуров гуфта мешавад. Айни замон дастаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рақобати размикори тоҷик дар қувваозмоиҳои омехта Муин Ғафуров бо варзишгари фаронсавӣ Тэйлор Лапилус, ки бояд рӯзи 2 сентябр дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 226 дар Париж баргузор мешуд, доир намегардад. Дар ин бора дар торнамои La Sueur хабар дода мешавад.

Сабаби бекор шудани рақобат мушкили марбут ба раводиди Ғафуров гуфта мешавад. Айни замон дастаи Муин ба ташкили қувваозмоӣ дар мусобиқаи UFC 294 дар Абу Даби машғуланд.

Муин Ғафуров сеюмин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар мусобиқаҳои UFC иштирок кард. Лекин  дар рақобати аввал моҳи июни соли 2023 ӯ аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрда буд.

Ҳанӯз соли 2021 Ғафуров кӯшиш карда буд, ки тариқи силсилаи довталабии Дана Уайт ба UFC ворид шавад, лекин бо қарори доварон қувваозмоиро бохт.

Рӯзи 7 сентябри соли 2021 дар қувваозмоии даври финалии силсилаи довталабии Дана Уайт бо намояндаи Канада Чад Анхелигер вохӯрд.

Дар сурати ғолибият, Ғафуров метавонист ҳамчунн аввалин размикор аз Тоҷикистон, ки бо UFC қарордод мебандад, ба таърих дохил шавад, лекин дар рақобати финалӣ бо қарори ҳакамон шикаст хӯрд.

Моҳи октябри соли 2022 Муин Ғафуров дар қувваозмоии асосии мусобиқаи LFA 144 дар ИМА бо варзишгари Бразилия Диего Силва рақобат карда, бо нокаут бар ӯ дастболо шуд ва барои имзо қарордод бо UFC ҳуқуқ пайдо кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.