Гузаргоҳи “Дӯстӣ”: Хадамоти гумрук мегӯяд, танбашавӣ нест, лекин мошинҳо ҳоло ҳам истодаанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Танбашавии мошинҳо дар марзи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай ду ҳафта инҷониб ба мушоҳида мерасад, ки сабаби онро ба санҷиши бештар дар мавриди интиқоли маводи нашъаовар ва сарусадоҳо вобаста ба манъи вуруди нақлиёти истеҳсоли то соли 2013 марбут медонанд.

Бори нахуст дар бораи танбашавии мошинҳо рӯзи 23 сентябр хабар дода шуда буд. Он замон шоҳидон иттилоъ дода буданд, ки дар назди гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ” байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қатораи мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фураҳо) иборат аз 120 адад бо масофаи ҳудуди 3 км ҷамъ шудааст.

Рӯзи 28 сентябр Хадамоти гумрук дар посух ба дархости хаттӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки вазъияти марбут ба танбашавии мошинҳо дар сарҳад муваффақона ҳаллу фасл шудааст. Аммо аллакай рӯзи дигар сокинони ҷумҳурӣ хабар доданд, ки танбашавии мошинҳо аз байн нарафтааст.

Мо тасмим гирифтем, ки мустақилона ин хабарҳоро санҷем ва рӯзи 2 октябр ба сарҳад раҳсипор шудем.

Ронандагони фураҳо ба ин одат кардаанд, лекин нороҳатиҳо зиёданд

Рӯзи 2 октябр қатораи фураҳо ҳоло ҳам дар сарҳад истода буд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, онҳо кайҳост инҷониб истодаанд ва пас аз 23 сентябр ҳатто соате набуд, ки роҳ холӣ шавад.

Дар сарҳад мо муътақид шудем, ки мошинҳо дар интизори убури марз ҳоло ҳам дар қатор истодаанд. Дуруст аст, ки масофаи корвон кам шудааст. Мо танбалӣ накарда, масофаи онро чен кардем: аз фураи якум дар назди дарвозаи гузаргоҳ то мошини охирин дар навбат масофа расо 1 километрро ташкил медиҳад.

Шоми рӯзи 1 октябр бошад, онҳо дар ду қатор истода, як тарафи роҳро пурра банд карда буданд ва бо ин сабаб мошинҳое, ки аз Душанбе ва Турсунзода ба самти сарҳад мерафтанд, маҷбур буданд, ки бо самти муқобили роҳ ҳаракат кунанд.

Ба гуфтаи ронандагон, шаби 1 ба 2 октябр муяссар шуд, ки мошинҳои зиёд гузуронида шаванд, зеро 2 октябр рӯзона онҳо дар як қатор истода, як канори роҳро ишғол мекарданд.

Яке аз ронандагони фура бо рақамҳои Ӯзбекистон, ки худро Шавкат муаррифӣ намуд, изҳор дошт, ки шабонарӯзи сеюм дар ин ҷо қарор дорад.

“Шикоят надорам, мо – ронандагони фураҳо баъзан ба ҳафтаҳо истодан дар сарҳадҳо одат кардаем, лекин ин ҷо нороҳатӣ зиёд аст. Ман маҷбур шудам, ки мошинамро дар қатори рӯбарӯи самти деҳаи наздиктарини Ваҳдат ба навбат гузорам. Сокинон ва ронандагони маҳаллӣ норозӣ буданд, ман қисман роҳи онҳоро банд кардам.

Ғайр аз ин, то гузаргоҳ дур аст ва дар паҳлӯи роҳ ягон ҳоҷатхонаву ҷойи шустушӯ нест. Он дар истоҳи мошинҳои хусусии назди гузаргоҳ ҳаст, лекин он ҳам як чуқурии кофташуда мебошаду халос”, – мегӯяд Шавкат.

“Хайр, чӣ кор ҳам мекардем, аз пушти дигарон дар азобем. Гумрукчиён ва марзбонон мошинҳои боркашро тӯлонӣ ва дақиқ аз назар мегузаронанд ва ҳамааш бо сабаби дар Ӯзбекистон бо маҳсулоти манъшуда боздошт гардидани онҳо”, – изҳори норозигӣ мекунад ронандае аз Тоҷикистон.

Нашъаҷаллобон гунаҳкоранд. Ва мошинҳои кӯҳна

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ҳамаи ронандагони дар навбатпойӣ қарордошта изҳор намуданд, ки танбашавӣ пас аз дар гузаргоҳи марзии “Сариосиё” аз ҷониби марзбонони Ӯзбекистон ошкору муосидира шудани қариб 70 кило маводи нашъаовар ба вуҷуд омад.

Онро мехостанд, ки дар зери рӯйпӯши кабинаи автомашинаи боркаши Volvo, ки аз Тоҷикистон омада буд, интиқол диҳанд. Дар ин бора он замон аз Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё хабар дода буданд.

Бинобар ин, ҳозир кормандони гумруки Тоҷикистон ҳар як мошинро дақиқ тафтиш мекунанд. Азназаргузаронии мошинҳои боркаш вақти зиёдро мегирад. Ин яке аз сабабҳои навӣбатпойии тӯлонии мошинҳо мебошад.

Аз тарафи дигар, кори гумрукчиёнро зиёдшавии шумори мошинҳои боркаш низ душвор месозад. Бисёре аз онҳо шитоб доштанд, ки то 2 октябр мошинҳои сохти то соли 2013-ро ба Тоҷикистон ворид намоянд.

Аллакай аз ҳамин рӯз гумрук дигар ба автомашинаҳои боркаши “кӯҳна” иҷозаи вуруд намедиҳад. Ин ба муътадил кардани вазъи марбут ба танбашавиҳо кумак мекунад, ваъда дод яке аз кормандони гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза зиёда аз 100 автомашина гузаргоҳро убур мекунад.

Танбашавӣ ба садамаи нақлиёт боис гардид

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо мардуми одие, ки барои дидорбинии пайвандону наздиконашон аз сарҳад мегузаранд, низ суҳбат кард.

Онҳо мегӯянд, ки дар гузаштан аз сарҳад мушкиле надоранд.

– Ҷамъшавии мошинҳои боркаш аз он тараф низ ҳаст, лекин тадриҷан аз байн рафта истодааст, – хабар дод ба мо яке аз сокинони маҳаллӣ.

Ронандагони маҳаллӣ шикоят мекунанд, ки танбашавии мошинҳои боркаш ба ҳаракати онҳо мушкил эҷод мекунад, зеро лозим меояд, ки қариб 2 километр роҳро ба самти муқобили ҳаракат тай кунанд. Бар асари ин чанд рӯз пеш садамаи нақлиёт рух дода, мошин мактабхони маҳаллиро пахш кард.

Ягона шахсоне, ки аз ин ҳолати мавҷуда қаноатманданд, савдогарон ва моликони нуқтаҳои фурӯши хӯрок мебошанд.

“Чӣ қадаре, ки одамон зиёд ҷамъ шаванд, ҳамон қадар мизоҷ зиёдтар мешавад”, – мегӯянд онҳо.

… Дар назди пости гузаргоҳ мо як соат қарор доштем. Дар ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон ягон мошин хатти сарҳадро убур накард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...