Мулоқоти навбатии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ва имзои протоколи №44

Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро Қамчибек Ташиев, муовини раиси Девони Вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ роҳбарӣ намуда, зимни он масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Зикр мешавад, ки роҳбарони ҳайатҳо “бо ҳусни тафоҳуми комил оид ба зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори назар намуда, ба гурӯҳҳои корӣ дастурҳои дахлдор додаанд”.

“Гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати тасвири хати лоиҳавӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корро идома медиҳан”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин идомаи ҳамкориҳои фаъол байни вилоятҳову ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар қайд карда шуда, аз натиҷаи он Протокол ба имзо расонида шудааст.

Тафсилоти бештар аз ин мулоқот ироа намегардад ва ҳам гуфта намешавад, ки муҳтавои протоколои имзогардида чӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, дар навори аз ин мулоқот нашршуда Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зикр мекунад, ки ду тараф протоколи рақами 44-ро имзо карданд.

“Иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст,” – зикр мекунад С.Ятимов.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, низ имзои санадро роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ номид.

“Ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем. Худо хоҳад, ба зудӣ қарори ниҳоиро дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини кулли сарҳади давлатӣ қабул мекунем”, – мегӯяд Қ.Ташиев.

Бояд зикр кард, ки мулоқоти мазкур дар пасманзари таниши лафзии ахир миёни ду кишвар, баъди изҳори назари Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд” ҷараён мегирад.

Дар пайи ин изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба бинои ваъзорат даъват карда, “нигаронии ҷониби Тоҷикистон” расонид.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...