Сабаби муқаддамотии сӯхтор дар “Ҷумъабазор”-и Хуҷанд мушаххас шудааст

Шаби гузашта, 2-юми октябр, бозори “Ҷумъабазор”-и шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафт. Паҳноии сӯхтор 90 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар ин бора аз Хадамоти оташнишонӣ ба “Азия Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин сӯхтор тахминан соати 03:19 рух дода, бо талоши панҷ дастаи оташнишонӣ то субҳ хомӯш карда шуд. “Сабаби пешакии сӯхтор шояд ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шаби гузашта, 2-юми октябр, бозори “Ҷумъабазор”-и шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафт. Паҳноии сӯхтор 90 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар ин бора аз Хадамоти оташнишонӣ ба “Азия Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин сӯхтор тахминан соати 03:19 рух дода, бо талоши панҷ дастаи оташнишонӣ то субҳ хомӯш карда шуд.

“Сабаби пешакии сӯхтор шояд ба расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ​​рабт дошта бошад, вале ҳоло комиссия ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор ва муайян кардани ҳаҷми хисорот машғул аст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, ки дар чандмоҳаи охир сар задани оташ дар муассисаҳои олӣ, бозорҳо ва манзилҳои сокинон нисбатан бештар шудааст. Аз ин қабл, рӯзи 19-уми сентябр дар ҳудуди факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зада буд.

Мақомот дар ин робита гуфтанд, ки посбони ин даргоҳ қасдан ин факултаро оташ зада, мехост аз роҳбарият барои барканор шуданаш қасос бигирад. Ӯ ҳоло аз ҷониби мақомот дастгир шудааст. Зиёни умумии расида аз сӯхтор тақрибан 2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Пештар аз ин, рӯзи 31-уми август дар бозори тахтаи шаҳри Ҳисор сӯхтор сар зад. Бо гузашти чанд рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Ҳисорро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ рабт дод.

Ёдовар мешавем, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Тобистони соли гузашта, бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Моҳи декабри соли гузашта дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, оташ сар зада, 17 мағозаро фаро гирифт. Солҳои пешин, “Корвон” – бузургтарин бозори Душанбе ҳам оташ гирифта, садҳо ҳазор доллар зиён оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.