Боздошти ду марди 71 ва 66-солаи сокини Хуҷанд барои кордкашӣ

Ду пирамарди сокини шаҳри Хуҷанд ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳодисаҳои ҷудогона гумонбар дониста мешаванд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳодисаи аввал марди 71-сола дар ҳолати мастӣ барои бо духтараш ҷанҷолу муноқиша намудани домоди 37-солааш, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапи ӯ […]

Asia-Plus

Ду пирамарди сокини шаҳри Хуҷанд ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳодисаҳои ҷудогона гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳодисаи аввал марди 71-сола дар ҳолати мастӣ барои бо духтараш ҷанҷолу муноқиша намудани домоди 37-солааш, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапи ӯ зарба задааст.

Гуфта мешавад, дар ҳодисаи дуюм марди 66-сола низ дар ҳолати мастӣ рӯзи 21 сентябр, соати 22:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокини маҳаллии 57-сола бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, бо корд ба ӯ зарба мезанад.

Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Тибқи ин модда, ба гумонбаршавандагон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.