Донишгоҳи давлатии Хуҷандро қасдан оташ задаанд. Мақомот як гумонбарро боздошт кардааст

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро як нафар қасдан оташ задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 1:45 дақиқаи шаби 20-уми сентябр ба Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров сӯхтор сар задааст. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро як нафар қасдан оташ задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 1:45 дақиқаи шаби 20-уми сентябр ба Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров сӯхтор сар задааст.

Баъд аз расидани хабар, барои хомӯш кардани оташ 11 нақлиёти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудааст.

“Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани кормандон муайян гардид, ки сӯхтор дар бинои таълимии 5, дар масоҳати 400 метри мураббаъ сар задааст”, – хабар додааст ВКД.

Ин ниҳод меафзояд, ки пас аз хомӯш кардани сӯхтор ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст.

“Дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини ш. Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Маълум нест, ки ин шаҳрванд барои чӣ муассисаи олиро оташ задааст. Мақомот ҳам шарҳ надоданд ва таъкид намуданд, ки тафтишот сабаби оташ задани бинои донишгоҳро муайян хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сӯхтор дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сар задааст.

Онҳо зикр карданд, ки феълан тамоми мавод оид ба ин ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардида, тафтишот оғоз шудааст.

“Боми бинои сеошёна комилан хароб шуда, масоҳати умумии сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил додааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бинои таълимии факултети таърих ва ҳуқуқ дар ҳудуди маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Солҳои пеш дар ин бино факултетҳои забону адабиёти рус ва шарқшиносӣ низ фаъолият мекарданд.

Ҳанӯз хисороти ниҳоии сӯхтор муайян карда нашудааст.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ин хусус тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд калонтарин муассисаи олии шимолӣ Тоҷикистон буда, он дорои 8 бинои таълимист. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио