Моҷаро дар Кишинёв: Олимони тоҷик ва Осиёи Марказиро ба Молдова роҳ надоданд

Як гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахти Молдова дармонданд: вуруди онҳоро ба ин кишвар рад намуда, аллакай ду шабонарӯз инҷониб зери назорати мақомоти пулис нигоҳ дошта мешаванд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар он ҷо қарор доштани як гурӯҳи филологҳо аз Тоҷикистон, инчунин олимон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ карданд. Дар […]

Як гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахти Молдова дармонданд: вуруди онҳоро ба ин кишвар рад намуда, аллакай ду шабонарӯз инҷониб зери назорати мақомоти пулис нигоҳ дошта мешаванд.

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар он ҷо қарор доштани як гурӯҳи филологҳо аз Тоҷикистон, инчунин олимон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи расмӣ дар АМИТ дар бораи теъдоди олимони тоҷик ва ҷараёни ҳалли ин масъала маълумоти муфассал надод.

Хабаргузории РИА Новости дар Telegram-и худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи олимони иборат аз филологу таърихшиносон ва омӯзгорон барои иштирок дар конфронс дар мавзӯи забони русӣ ва сиёсати забон ба Приднестрове мерафтанд.

Аммо сарфи назар аз мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба ворид шудани онҳо ба Молдова иҷоза надодаанд. Дар хабар зикр мегардад, ки аллакай ду шабонарӯз инҷониб онҳо зери назорати мақомоти пулис дар фурудгоҳии Кишинёв нигоҳ дошта мешаванд.

Кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки дар онҳо сабаби боздошти онҳо ба “иҷро нашудани дигар шартҳои муқаррарнамудаи мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба кишвар” рабт дода мешавад.

Вазъият боиси нигаронӣ аст, лекин дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти масъала ва ҷараёни ҳалли вазъ то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин вазъиятро шарҳ надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.