Далели сӯхтори бозори “Фаровон”-и Бохтарро эълон шуд: ошхонаи “Ганҷина-3”. Зарари расида: 3,2 млн сомонӣ

Далели аслии сӯхтор дар бозори "Фаровон -Қурғонтеппа"-и Бохтар эълон шуд. Ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" манбаъи сӯхтор эътироф шудааст. Нашрияи маҳалии "Набзи Бохтар" дар як гузоришаш аз ҷараёни ситоди шаҳрӣ дар мавриди сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа", ки 8 июн таҳти раёсати Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар баргузор шудааст, дар ин бора хабар додааст. Ба навиштаи ин нашрия, дар ситоди шаҳрӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Далели аслии сӯхтор дар бозори "Фаровон -Қурғонтеппа"-и Бохтар эълон шуд. Ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" манбаъи сӯхтор эътироф шудааст.

Нашрияи маҳалии "Набзи Бохтар" дар як гузоришаш аз ҷараёни ситоди шаҳрӣ дар мавриди сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа", ки 8 июн таҳти раёсати Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар баргузор шудааст, дар ин бора хабар додааст.

Ба навиштаи ин нашрия, дар ситоди шаҳрӣ гуруҳи тафтишотӣ эълон кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор хатҳои барқи ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3", ки дар дохили бозор ҷойгир будаанд, шудааст.

Ҳамчунин ин нашрия навиштааст, ки сӯхтор ҳаҷми 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расондааст. 

3,2 миллион сомонӣ ҳисоб шудани зарар дар ҳолест, ки соҳибкорони зарардида дар суҳбатҳои хусусӣ аз зарари бештар диданашон суҳбат мекунанд. 

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сухтори шаби 1-июн растаҳои мағозаҳои техникаҳои маишӣ, либосҳои занона, мағозаҳои пояфзолу либосаи қиматбаҳо ба коми оташ рафтаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон ҳам 3 июн дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" – и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта буд.

Дар хабарномаи ин ниҳод омада буд, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.

Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин  буд ва ӯ баъдан дар бемористон ҷон дод. Ин соҳибкор Муҳаммад Сафаров буд, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио