Сӯхтор дар бозори тахтаи Ҳисор

Субҳи имрӯз, 31-уми август, дар бозори тахтаи шаҳри Ҳисор сӯхтор сар задааст. Дар  ин бора аз Хадамоти оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд. “Дар масоҳати 400 метр чӯбу тахтаҳо оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 31-уми август, дар бозори тахтаи шаҳри Ҳисор сӯхтор сар задааст. Дар  ин бора аз Хадамоти оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.

“Дар масоҳати 400 метр чӯбу тахтаҳо оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол маълум нест, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст ва дар ин робита корҳо идома доранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар навори алҳзаи оташгирии бозор, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки масоҳати зиёди тахта дар коми оташ аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки алангаи оташ чунон баланд  буд, ки оташфишонҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба кӯмак омадаанд.

Аз Хадамоти оташнишонӣ дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештар надоданд ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки оташ кай хомӯш гардид.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Тобистони соли гузашта, бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Дар пайи ин сӯтор як соҳибкори 52-сола ба ҳалокат расид ва 11 тани дигар захм бардошта буданд.

Он замон сабаби сухтор хатҳои барқи ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3"  гуфта мешуд.

Ҳаҷми сӯхтор 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расонда буд.

Моҳи декабри соли гузашта дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифта буд. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафт.

Солҳои пешин, "Корвон" – бузургтарин бозори Душанбе Бозори ноҳияи Фархор ҳам оташсӯзии бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид.

Мақомот баъд аз чунин ҳодисаҳо ба тоҷирон ваъдаи сабукӣ медиҳанд, вале шикоятҳо зиёданд, ки ин ваъдаҳои мақомот барои кӯмак дар барқарории бозору ҷуброни хисорот иҷро намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио