Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ роҳандозӣ мешавад

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак санги асос гузоштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани […]

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак санги асос гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) роҳандозӣ мегардад.

Гуфта мешавад ки пас аз бунёд гардидани корхонаҳо онҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 млн метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3 млн 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намоянд.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд мегардад, роҳандозӣ мешавад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар замин дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои роҳандозии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.  

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶСП “Сантайлс” бунёд мегардад. Пас аз сохта ба истифода додани корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ дар 2 баст зиёда аз 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд гашт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.