Ифтитоҳи якчанд муассисаи таълимӣ дар Душанбе дар оғози соли нави хониш

Имрӯз, 31 август президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими имтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок карданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар бинои муассиса шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст. Таълим дар 11 гурӯҳ дар […]

Имрӯз, 31 август президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими имтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар бинои муассиса шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст. Таълим дар 11 гурӯҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Бинои навбунёд ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва таълимию истироҳатӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф суҳбат карда, онҳоро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани онҳо ва ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Синфхонаҳои таълимгоҳ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 2040” бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Гуфта мешавад, муассисаи нави таълимӣ туҳфаи арзишманди ҳукумати ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи дониш ва таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои наврасон буда, аз пешрафти соҳаи маориф дар пойтахт шаҳодат медиҳад.

Дар идома бо ҳузури онҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам” мавриди истифода қарор гирифт. Гимназия барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо, аз ҷумла синфхонаҳои таълими химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон мебошад.

Китобхонаи гимназия дорои 20 ҷойи нишаст, 2 ҳазор нусха китоби бадеӣ ва 1 ҳазору 500 нусха китоби фаннӣ аст, ки хонандагон дар вақтҳои муайян аз он самаранок истифода менамоянд.

Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ Маҷмааи муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншоот бо усули муосири меъморӣ дар масоҳати 17 ҳазору 406 метри мураббаъ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.

Сипас бо ҳузури сарвари давлат ва шаҳрдори Душанбе дар Маҳаллаи навбунёди рақами 2, ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсӣ маросими ба истифода додани  бинои нави Муассисаи таълимии хусусии “Саидумар” баргузор шуд.

Таълимгоҳи мазкур дар масоҳати 72 садяк замин доман густурда, худи иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз дар пойтахти мамлакат 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 3 ҳазору 380 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 13 муассисаи таълимӣ барои 13 ҳазору 716 нафар хонанда дар як баст идома дорад.   

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.