Тоҷикистон ба Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломӣ ҳамроҳ мешавад

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи генералии Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломиро дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Институти мазкур огоҳ намояд. Фармони дахлдори аз ҷониби президент рӯзи 8 августи соли равон имзошуда дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст. […]

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи генералии Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломиро дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Институти мазкур огоҳ намояд.

Фармони дахлдори аз ҷониби президент рӯзи 8 августи соли равон имзошуда дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.

Дар санад гуфта мешавад,Тоҷикистонро дар ин ниҳод (институт) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумат ҳамчун мақоми миллӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқ намояндагӣ мекунад.

Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломӣ (SMIIC), ки айни замон 42 кишвари ҷаҳон аъзои он мебошанд, 7 ноябри соли 1999 барои ҳамоҳангсозии стандартҳои мавҷуда ва омода кардани стандартҳои нав дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) таъсис дода шудааст.

Дар ҳайати SMIIC 18 кумитаи техникӣ дар самтҳои гуногун амал карда, аз ҷониби онҳо 35 стандарт (меъёр), аз ҷумла талаботи умумӣ ба истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти ҳалол таҳия шудааст.

Ҳалол маҳсулотест, ки ба истеъмоли он дар ислом иҷоза шудаву он ҷоиз аст. Аз ҷумла, ин мафҳум барои ифодаи ғизои дуруст тайёршуда ва иҷозашуда барои мусулмонон истифода мешавад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон ҳаҷми гардиши маҳсулоти “ҳалол” дар дунё зиёда аз 2 триллион долларро ташкил медиҳад. Мувофиқи пешгӯии коршиносон, то соли 2025 ҳиссаи ин навъи маҳсулот метавонад на камтар аз 20%-и тамоми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.