“Сабаби мамнӯъиятро ифшо карда наметавонем”. Толибон таҳсили духтаронро ҳамоно боздоштаанд

Намояндагони Толибон* ба мактаб рафтани духтарони аз синни 12-сола болоро ҳамоно манъ кардаанд ва пагоҳ, 1-уми сентябр, ки шурӯи соли хониши нав аст, духтарони афғонистонӣ ба дарс намераванд. Ба гузориши хабаргузории Фергана, Муҳаммад Юнуси Рашид, муовини вазири фарҳанги Толибон манъи таҳсил барои духтаронро ба набудани шароити исломӣ рабт дода, дигар сабабҳояшро ифшо накардааст. “Ҳоло шароит […]

Таҳияи Меҳрофварин Наҷибӣ, Asia-Plus

Намояндагони Толибон* ба мактаб рафтани духтарони аз синни 12-сола болоро ҳамоно манъ кардаанд ва пагоҳ, 1-уми сентябр, ки шурӯи соли хониши нав аст, духтарони афғонистонӣ ба дарс намераванд.

Ба гузориши хабаргузории Фергана, Муҳаммад Юнуси Рашид, муовини вазири фарҳанги Толибон манъи таҳсил барои духтаронро ба набудани шароити исломӣ рабт дода, дигар сабабҳояшро ифшо накардааст.

“Ҳоло шароит барои таҳсили занону духтарон, ки ба меъёрҳои шариати исломӣ мувофиқат кунад, вуҷуд надорад. Мо сабабҳое дорем, ки мактабҳои духтаронаро бастанд, аммо онҳоро ба аҳолии кишвар ифшо карда наметавонем”, – гуфтааст Муҳаммад Юнуси Рашид.

Ӯ гуфтааст, ки мамнӯъияти таҳсили занон дар Афғонистон як иқдоми муваққатӣ аст, аммо ин масъул мушаххас накардааст, ки он то кай идома хоҳад кард.

Ваъдаи муҳлати иҷрояш номуайян

Толибон инчунин таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистонро ҳам манъ кардаанд. Муаллимони зан ҳам ҳақ надоранд, ки ба толибилмон дарс диҳанд.

Рӯзи 21-уми август Лутфулло Хайрхоҳ, муовини раиси Вазорати таҳсилоти олӣ дар ҳукумати муваққати Толибон, аз нақшаи баргардонидани духтарон ба таҳсил дар донишгоҳ хабар дод.

Аммо мӯҳлати иҷрои ин гуфтаи намояндаи Толибон ҳам ҳанӯз маълум нест ва дақиқ нест, ки дари донишгоҳҳои Афғонистон кай ба рӯи духтарон боз мешавад.

Мамнӯъияти таҳсилу кори занонро ду сол шуд…

Толибон 15-уми августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карданд ва то нимаи моҳи сентябри ҳамон сол дар тамоми қаламрави Афғонистон ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои гуногун ва ба гуфтаи онҳо, муваққатӣ алайҳи занон шурӯъ карданд.

Ҳамин тавр, онҳо баъди ба сари қудрат омадан, таҳсили духтарони аз 12-сола болоро дар мактаб манъ карданд.

Он вақт ҳама маҳдудиятҳо алайҳи занонро ба зарурати эҷоди “муҳити исломии мувофиқ” дар ин кишвар шарҳ медоданд, аммо бо гузашти 2 сол ҳанӯз ҳам Толибон ин муҳитро фароҳам наовардаанд.

Баъд аз ин моҳи декабри соли 2022-юм Толибон дарси духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистонро мутаваққиф карда, баъдан ҳузури занон дар донишгоҳҳо, аз ҷумла намояндагони ҳайати омӯзгоронро мамнӯъ эълон карданд.

Ҳамчунин, дастур доданд, ки занон аз кор дар тамоми созмонҳои ғайридавлатии миллӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ хориҷ карда шаванд.

Ин тасмимҳо мавҷи интиқодҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро ба бор овард.

Акнун дар соли хониши нав ҳам духтарони афғонистонӣ ба дарс намераванд ва маълум ҳам нест, ки ин маҳдудиятҳо кай бартараф хоҳанд шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.