ВКД сабаби сӯхторро дар бозори масолеҳи сохтмони Ҳисор шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Ҳисорро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар байни растаҳои чӯбу тахта ба амал омадааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми зиёни аз сӯхтор расида аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. Соати 04:16 дақиқаи рӯзи […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Ҳисорро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар байни растаҳои чӯбу тахта ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми зиёни аз сӯхтор расида аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.

Соати 04:16 дақиқаи рӯзи 31 август ба оташнишонон дар бораи сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии "Ҳисор", воқеъ дар кӯчаи Уроқ Аловуддинови шаҳр хабар мерасад.

“Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдои чӯбу тахта ва хизматрасонӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорат.

Ба иттилои ВКД, ба туфайли сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки талафоти ҷониву шахсони осебдида дар натиҷаи сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.