Филми “Дов” дар Русия соҳиби се ҷоиза гардид

Филми “Дов” дар кинофестивали “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора – “Беҳтарин филм” шудааст. Дар ин бора “Суғд-синамо” хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, инчунин ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд”-и ин ҷашнвораи байнамиллалӣ ба ҳунармандони асосии филми “Дов” – Салоҳидин Шукурзода ва Абдулмуъмин Шарифӣ тақдим гардидааст. Инчунин, филми "Дов" дар чорумин фестивали байнамиллалии  "Лендок" […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Филми “Дов” дар кинофестивали “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора – “Беҳтарин филм” шудааст. Дар ин бора “Суғд-синамо” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд”-и ин ҷашнвораи байнамиллалӣ ба ҳунармандони асосии филми “Дов” – Салоҳидин Шукурзода ва Абдулмуъмин Шарифӣ тақдим гардидааст.

Инчунин, филми "Дов" дар чорумин фестивали байнамиллалии  "Лендок" дар шаҳри Санк-Петербург соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филмнома" гардидааст.

Бори чандум аст, ки филми тоҷикии “Дов” ба гирифтани ҷоизаи асосии ҷашнвораҳо даст меёбад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2022 филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.

Баъд аз ин, дар шаҳрҳои гуногуни Кореяи Ҷанубӣ, Русия, ИМА, Ҳиндустон ва Эрон ба намоиш гузошта шуд.

Филми ҳунарии “Дов”бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд.

Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм давоми як моҳ дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шуд, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард.

Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт ва дар пасманзари баҳси синамои миллӣ як “Ток шоу” ҳам омода ва нашр гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.