“Юнистрим” интиқоли асъор ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистонро қатъ мекунад

“Юнистрим” интиқоли асъор бо доллар ва евроро ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон қатъ намуда, танҳо бо рубл кор мекунад. Пулҳоеро, ки бо асъори хориҷӣ гирифта нашудаанд, мизоҷон бояд то 30 сентябр гиранд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти системаи интиқоли пул хабар додаанд, менависад ТАСС. “Юнистрим пешниҳод ва интиқоли асъор бо евро ва доллари ИМА-ро […]

Asia-Plus

“Юнистрим” интиқоли асъор бо доллар ва евроро ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон қатъ намуда, танҳо бо рубл кор мекунад. Пулҳоеро, ки бо асъори хориҷӣ гирифта нашудаанд, мизоҷон бояд то 30 сентябр гиранд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти системаи интиқоли пул хабар додаанд, менависад ТАСС.

“Юнистрим пешниҳод ва интиқоли асъор бо евро ва доллари ИМА-ро ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон қатъ мекунад. Агар шумо қаблан аз Тоҷикистон ё ба Тоҷикистон пул фиристода, он бо кадом сабабе гирифта нашуда бошад, барои бозпас гирифтани он то 30 сентябр ба бонки интиқоли маблағ муроҷиат кунед”, – гуфта мешавад дар хабари гурӯҳи расмии “Юнистрим” дар “ВКонтакте”.

Дар хабар ҳамчунин зикр мегардад, ки пас аз 30 сентябр бозпас гирифтани асъори бо доллар ва евро ирсолшуда ғайриимкон мегардад.

Рӯзи 20 июл мақомоти ИМА нисбат ба панҷ ташкилоти қарзии Русия таҳримҳо ҷорӣ намуда, аз ҷумла “Юнистрим” низ ба маҳдудиятҳо дучор шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон охири моҳи июл дар ин робита изҳор дошта буданд, ки интиқоли пул бо ин система акнун танҳо бо рубл имконпазир аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.