Нафақа ва нагузаштан аз аттестатсия. Дар Бохтар 12 мудири боғча аз вазифа барканор шуданд

Дар арафаи соли нави хониши имсола дар шаҳри Бохтар 12 мудири боғчаҳои кӯдакона бо сабабҳои гуногун аз вазифа озод шуданд. Як манбаъ дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, қисме аз мудирон бинобар сабаби ба синни нафақа расидан, қисми дигар аз атестатсияи вазорати маориф нагузаштан ва боқимонда бинобар мутобиқ набудани маълумоташон барканор шудаанд. “Онҳое, ки […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар арафаи соли нави хониши имсола дар шаҳри Бохтар 12 мудири боғчаҳои кӯдакона бо сабабҳои гуногун аз вазифа озод шуданд.

Як манбаъ дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, қисме аз мудирон бинобар сабаби ба синни нафақа расидан, қисми дигар аз атестатсияи вазорати маориф нагузаштан ва боқимонда бинобар мутобиқ набудани маълумоташон барканор шудаанд.

“Онҳое, ки аз аттестатсия нагузашта буданд ё маълумоташон мувофиқат намекарданд, супориши Вазорати маориф ва илм омадааст, ки то 1 сентябр аз вазифа озод карда шаванд”, – гуфт манбаи мо.

Аз 12 мудири озодшуда 2 нафар аллакай ба вазифаи директори мактаб таъин шудаву дигаронаш дар баррасии бахши кадрҳои шуъбаи маориф қарор доранд.

Ба гуфти манбаъ, нафароне, ки таҷрибаи зиёд доранд, эҳтимол мушовири шуъбаи маориф ва чанд нафари дигар муовинони директори мактабҳо таъин шаванд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои мувофиқа ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 9 номзад ба вазифаҳои мудирони боғчаҳо пешниҳод шудааст.

“Айни ҳол номзадҳои пешниҳодшуда омӯхта мешаванд ва давоми ду ё се рӯзи оянда мудирон таъин хоҳанд шуд”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки баъди атестатсия мудирони боғчаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки онро Вазорати маориф ва илми кишвар гузаронд, чандин нафар мудирони боғчаҳо ва директорони мактабҳо аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Қаблан, дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 директори мактаб аз вазифаҳо озод шуда буданд. Баъзе директорҳо ба оддитарин саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.