Набарди шоиста: “Истиқлол” аз “Ан-Наср” шикаст хӯрд

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи “Е” қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол” дар меҳмонӣ набарди шоиста нишон дода, аз тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз тими “Истиқлол” ҳамлагар аз Кот-д Ивуар Сенин Себаи тӯбро ба ҳадаф расонид. Гуфта […]

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи “Е” қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол” дар меҳмонӣ набарди шоиста нишон дода, аз тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз тими “Истиқлол” ҳамлагар аз Кот-д Ивуар Сенин Себаи тӯбро ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, аз дастаи “Ан-Наср” ду тӯбро Андерсон Талискаба ҳадаф расонид.

Боз як голро капитани дастаи "Ан-Наср" Криштиану Роналду ба дарвозаи ҳариф ворид кард.

Бозии дигари дастаҳои ин гурӯҳ байни “Ал -Дуҳайл” (Қатар) ва “Персеполис” (Эрон) бо ҳисоби 1:0 бар фоидаи дастаи меҳмонон – “Персеполис” анҷом ёфт.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 рӯзи 24 октябр “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо тими “Персеполис”-и Эрон дар Теҳрон бозӣ мекунад.

Тақвими бозиҳои боқимондаи "Истиқлол"

Даври 3-юм

24 октябр

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

7 ноябр 

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)

Даври 5-ум

27 ноябр

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

5 декабр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) –  «Ан-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.