Муроҷиат ба додситониву додгоҳ – ягона роҳ? Рӯзноманигорони тоҷик дар ҷустуҷӯи дастрасӣ ба иттилоот

Asia-Plus

Дар соли 2022 хабарнигорони “Азия-Плюс” танҳо ба 20%-и номаҳои расмии ба ниҳодҳои давлатӣ ирсолшуда посух гирифтанд. Дар ин бора зимни мизи мудаввари «Дастрасӣ ба иттилоот: сабақҳои гирифта ва роҳҳои такмили таҷриба», ки  рӯзи 28 сентябр аз ҷониби Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) баргузор гардид, муҳаррири бахши тоҷикии ин гурӯҳи расонаҳо Ҷасур Абдуллоев изҳори назар кард.

«Вақте ки ман ба ҳайси рӯзноманигор ҳатто дар хабаргузории давлатии «Ховар» кор мекардам, гирифтани маълумоти расмӣ аз ниҳодҳои давлатӣ барои ман хеле мушкил буд. Пас, дар бораи расонаҳои мустақил чӣ метавон гуфт?”, – изҳор дошт  Ҷасур Абдуллоев зимни суханронӣ дар ин мизи мудаввар.

Дар бораи бо чӣ гуна мушкилот дучор шудани журналистон ҳангоми кӯшиши дарёфти маълумот аз мақомоти давлатӣ моҳи июли соли 2023 намояндагони чанде аз расонаҳо ва созмонҳои расонаӣ дар як номаи махсус ба унвони Дастгоҳи президенти кишвар ва Прокуратураи генералӣ хабар дода буданд.

Дар ин мактуб онҳо зикр карда буданд, ки нишастҳои матбуотии нимсола барои рӯзноманигорон ягона имкони гуфтугӯи мустақим бо мансабдорон аст.

Аммо ҳатто дар ин вохӯриҳое ҳам, ки гоҳ-гоҳ сурат мегиранд, мақомоти давлатӣ маълумоти зарурӣ намедиҳанд.

«Нишастҳои матбуотӣ, ки ҳоло дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд, на танҳо ба қолабӣ табдил ёфтаанд, балки моҳияти худро гум карданд. Мансабдорон танҳо рақамҳои холӣ пешниҳод карда, дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ, аз шарҳу таҳлил худдорӣ меварзанд; на камтар аз 40 дақиқаи нишасти матбуотӣ барои мутолиаи варақаи иттилоотӣ, ки нусхаи он дар дасти рӯзноманигорон аст, сарф мешавад; барои саволу ҷавобҳо ҳамагӣ 10-15 дақиқа ҷудо мешавад", – зикр гардида буд дар он мактуб.

"Чаро муносибат бо расонаҳои мустақил чунин аст?”

Ҳамаи ин дар ниҳоят ба сифати иттилоот дар расонаҳои маҳаллӣ таъсир расонида, ба амнияти иттилоотии тамоми Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Зимни мизи мудаввар раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода изҳор дошт, ки дастрасӣ ба иттилоот мустақиман ба имиҷ (нуфуз)-и давлат ҳам рабт дорад.

Рӯзноманигорон бояд ба таври кофӣ маълумоти расмӣ дошта бошанд, то ки дар бораи Тоҷикистон воқеъбинона гузориш диҳанд.

Ба гуфтаи коршиноси бахши расонаҳо Маҳпора Киромова, пас аз мактуби хабарнигорон, дар нишастҳои хабарии ахир вазъ каме ба самти беҳбудӣ тағйир ёфт.

Масалан, намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ҷои як мулоқоти яксоата бо рӯзноманигорон якуним соат сӯҳбат карда, ба 37 савол посух гуфтанд ва варақаи иттилоотиро нахонданд.

Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радои низ ба ин тариқ кушоду ошкоро сурат гирифт.

Аммо на ҳамаи сохторҳо ба муколама омодаанд, роҳбарони баъзе вазорату идораҳо ба вохӯрӣ бо намеоянд ва ба нишастҳои матуботӣ муовинони худро мефиристанд.

Роҳбари хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Баҳриддин Сафарзода, бо бисёре аз мушкилоти зикршудаи марбут ба дастрасӣ ба иттилоот розӣ аст.

Аммо ба гуфтаи ӯ, на ҳама маълумот барои интишор барои ҷомеа дастрас аст, ҳангоми гуфтугӯи шахсони мансабдор ва ВАО муқаррароти муайян вуҷуд дорад ва маълумот ба расонаҳо набояд ҳатман аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо пешниҳод карда шавад.

Илова бар ин, ӯ хотиррасон намуд, ки тамоми иттилооти расмии аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дар сомонаи Агентии миллии иттилооти «Ховар» нашр мешавад ва ҳамаи рӯзноманигорон метавонанд аз он истифода баранд.

– Дар бораи “Ховар” хабар дорем, аммо расонаҳои мустақил чӣ айб доранд? – пурсид рӯзноманигори мустақил Меҳрангез Турсунзода, – ва чаро мо аз ҳама шаклҳои дигари иртибот миёни мансабдорону рӯзноманигорон даст кашидаем?

Чаро мақомоти давлатӣ брифинг намегузаронанд, аз мусоҳиба худдорӣ меварзанд ва ба саволҳои шифоҳии рӯзноманигорон посух намедиҳанд?

Қаблан, пас аз ҳар як ҳодисаи муҳим ё ҳатто пас аз овозаҳо дар бораи кадом як ҳодисае худи мақомоти қудратӣ брифингҳо мегузаронданд ва дар ин бора маълумоти расмӣ медоданд. Ҳозир шахсони мансабдор бо хабарнигорон танҳо дар ҷараёни нишастҳои хабарӣ гуфтугӯ мекунанд.

Ба Прокуратураи генералӣ шикоят кунед

Меҳрангез ба иштирокчиёни мизи мудаввар хотиррасон намуд, ки рӯзноманигрони хориҷӣ низ ҳангоми дарёфти маълумот ба мушкилӣ дучор мешаванд.

«Мо рӯзноманигорони хориҷиро танҳо вақте ба ёд меорем, ки дар марзҳо муноқиша рух медиҳад, шикоят мекунем, ки онҳо дар бораи мо кам менависанд, дар ҳоле ки ҳамкорони мо аз хориҷа амалан аз дастрасӣ ба Тоҷикистон маҳруманд», – гуфт ӯ.

Меҳрангез шарҳ дод, ки бо вуҷуди хеле осон гирифтани аккредитатсия, ки тибқи қонун ба хабарнигорони хориҷӣ ҳаққи кор дар кишварро медиҳад, дар амал ин санад кор намекунад ва вазорату идораҳое, ки рӯзноманигорони хориҷӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мактубхои иловагиро тақозо мекунанд, ки гирифтани онҳо хеле душвор аст.

– Масалан, рӯзноманигорони хориҷӣ ба масъалаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ доранд, ки Тоҷикистон онро дар ихтиёр дорад, аммо ба ягон неругоҳи барқи обӣ рафта наметавонанд. Дар ҳоле ки як одами одӣ метавонад роҳхат харида, ба обанбори Норак равад ва истироҳат кунад, – шарҳ дод Меҳрангез.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ, аккредитатсия санадест, ки ба хабарнигорони хориҷӣ дастрасӣ ба маълумоти расмиро медиҳад ва талаби ҳуҷҷатҳои иловагӣ ғайриқонунӣ аст.

Иштирокчиёни мизи мудаввар зикр карданд, ки мушкили рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз омили инсонӣ ба вуҷуд меояд ва аз рӯзноманигорон даъват карданд, ки дар чунин ҳолатҳо ба Прокуратураи генералӣ шикоят баранд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни мизи мудаввар рӯзноманигорон тасмим гирифтанд, ки доир ба дархостҳои идораҳои таҳририя (редаксия) мониторинг  мегузаронанд,  то ки бепосух мондани чанд мактуб ва аз ҷониби кадом вазорату идораҳо бештар нодида гирифтани ин номаҳоро муайян кунанд. Бар асоси ин маълумот рӯзноманигорон ба унвони Прокуратураи генералӣ як номаи дигар омода хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...