Духтари Рамазон Қодиров муовини нахуствазири Чеченистон мешавад

Раиси ҳукумати Чеченистон Муслим Хучиев пешниҳод кард, ки Оиша Қодирова (Айшат Кадирова)-и 24-сола ба мақоми муовини нахуствазири Чеченистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин карда шавад. Дар ин бора телеграм-канали Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон иттилоъ медиҳад. Рамазон Қодиров ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст. “Ман пешниҳодҳои Муслим Хучиевро дастгирӣ кардам. Албатта, Оиша Қодирова дар беҳбуди фаъолияти Вазорати фарҳанг […]

Медуза

Раиси ҳукумати Чеченистон Муслим Хучиев пешниҳод кард, ки Оиша Қодирова (Айшат Кадирова)-и 24-сола ба мақоми муовини нахуствазири Чеченистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин карда шавад. Дар ин бора телеграм-канали Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон иттилоъ медиҳад.

Рамазон Қодиров ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст.

“Ман пешниҳодҳои Муслим Хучиевро дастгирӣ кардам. Албатта, Оиша Қодирова дар беҳбуди фаъолияти Вазорати фарҳанг саҳми калон гузошта ва таҷрибаи кории хуб андӯхтааст”, – навиштааст раҳбари Чеченистон.

Хучиев пешниҳод кард, ки Мӯсо Дадаев, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ оид ба фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ба вазифаи вазири фарҳанги Чеченистон таъйин карда шавад, ки ин вазифаро ҳоло Оиша Қодирова бар ӯҳда дорад.

Ба гуфтаи Қодиров, Дадаев “худро ҳамчун як мутахассиси хуб муаррифӣ кардааст, ки метавонад корро хуб идома диҳад”.

Бояд гуфт, ки Оиша Қодирова аз моҳи октябри соли 2021 вазири фарҳанги Чеченистон буд. Пеш аз ин, вай як сол ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон кор кард.

Духтари раисҷумҳур қабл аз оғози хидмати давлатӣ се сол хонаи мӯди исломии “Фирдавс”-ро раҳбарӣ мекард.

Дар ин муддат Оиша Қодирова бо медали “Барои хизматҳо дар назди Ҷумҳурии Чеченистон”, медали “Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон”, нишони фахрии “Барои меҳнати шоён”, унвони Корманди шоистаи маданияти Чеченистон, инчунин ордени Кодиров – мукофоти олии Ҷумҳурии Чеченистон қадрдонӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи сентябри соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин Оиша Қодироваро “барои рушди фарҳанг ва санъати ватанӣ, фаъолияти чандинсолаи пурсамари эҷодӣ” бо ордени “Барои хизмати Ватан” дараҷаи II сарфароз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.