Муҳоҷират дар Қазоқистон. Нуқтаҳои савдои “меросӣ”-и тоҷикон дар Бозори сабзи Алмато

Asia-Plus

Бархе муҳоҷирони тоҷик ахиран аз “рейд”-ҳои зидди муҳоҷирон дар Қазоқистон шикоят карда, бо нигаронӣ гуфтанд, ки мақомоти ин кишвар чанд муддат инҷониб ҳуҷҷатҳои онҳоро зиёд тафтиш мекунанд ва ба боздоштгоҳ бурдаву як шабонарӯз ҳам нигоҳ медоранд. Дар пайи ин хабарҳо “Азия-Плюс” ба яке аз бозорҳои калони Алмато, ки муҳоҷирони зиёди тоҷик он ҷо савдо мекунанд, рафт ва гузориш таҳия кард.

Бозори сабзи шаҳри Алматои Қазоқистон, ки асосан бозори озуқа – меваву сабзавот, гӯшту ширинӣ ва маҳсулоти дигари ғизоӣ аст, дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Эҳтимол, ба далели дар маркази шаҳр воқеъ будан, муштарии зиёд дорад. Қисме аз раставу дӯконҳои бозорро тоҷикистониҳо “азхуд” кардаанд. Тоҷикистониҳо асосан ду даста ҳастанд: зодагони шимоли Тоҷикистон хушкмева мефурӯшанд ва зодагони ҷануб – тармева.

Майлиддин Наҷмиддинов, зодаи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин) аст, ки дар ин бозор ангуру себу анору тарбузу харбуз ва меваҳои дигари тропикиву субтропикӣ мефурӯшад.

“Охири баҳор аз ҳама пеш гелосу зардолуи Тоҷикистон то бозори мо мерасад. Баъд аз Ӯзбекистону Қирғизистон”, – мегӯяд Наҷмиддинов.

Ба нақли вай, ба Бозори сабзи Алмато аз Эрон, кишварҳои Африқо ва ҷойҳои дигар ҳам мева меояд.

“Мо аз яклухтфурӯшон мехарем ва дар бозор савдо мекунем”, – зикр мекунад Наҷмиддинов.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз соли 2003 то кунун дар Бозори сабз мевафурӯшӣ мекунад.

“Се сол ба Русия рафтам, баъд бародаронам ин ҷо даъват карданд. Дар Алмато хонаву дар дорем. Фарзандҳо ҳамин ҷо калон шуданд. Писари калонӣ мактабро хатм кард, агар касби маро соҳиб шавад, ман бебозгашт ба Тоҷикистон бармегардам”, – гуфт вай.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, иҷозаи истиқомат, иҷозаи кор дар Алмато осон аст ва ҳам муносибати мардуми маҳалливу мақомот беҳтар аз он аст, ки муҳоҷирон тоҷик дар Русия рӯ ба рӯ ҳастанд.

“Ин ҷо дар сол як маротиба “рейд” мешавад. 10-15 рӯз давом мекунад, муҳоҷирони беҳуҷҷатро ҷаримаву ихроҷ мекунанд. Ба ҳамин тамом, давоми сол “ғам” намедиҳанд. Имсол оғози моҳи сентябр “рейд” буд. Қариб ҳамаи фурӯшандаҳоро шуъбаи пулис бурданд. Як рӯз нигаҳ доштанд. Фардояш ҳуҷҷатҳои касе, ки дуруст буд, доданд. Гуфтанд, равед ба коратон идома диҳед”, – нақл кард Майлиддин Наҷмиддинов.

Муҳоҷири дигари тоҷикистонӣ Ҳофиз Ҳасанов – зодаи шаҳри Исфара дар Бозори сабз хушкмева мефурӯшад. Вай мегӯяд, қисме аз хушкмеваҳояш аз Тоҷикистон меояд.

“Пештар хушкмеваҳоро тавассути Қирғизистон меовардем, арзон мерасид. 1 кг бор дар 40 танга (тақрибан 1 сомонӣ, – эзоҳи идора) мерасид. Ҳоло 150 танга (бештар аз 3 сомонӣ, – эзоҳи идора) харҷ мешавад. Акнун тавассути Ӯзбекистон меорем. Ҳарчанд роҳ дур шудааст, вале муносибати нарми мақомоти Ӯзбекистон дурии роҳро ҷуброн мекунад”, – гуфт Ҳасанов.

Ин хушкмевафурӯш ҳамроҳ бо падарарӯсаш савдо мекунад. Мегӯяд, муштариҳои доимие дорад, ки маҳсулоташро асосан онҳо мехаранд.

“Муҳоҷирони нав наметонанд, дар бозор ҷо ва муштарӣ пайдо кунанд. Ин ҷо тоҷикистониҳо аз 15-20 сол пеш ё зиёдтар аз он омада, ҷо гирифтаанд, дар ҳар нуқта то 3-4 кас – падару фарзандон ё бародарон якҷоя савдо мекунанд”, – гуфт Ҳасанов.

Ба нақли ин муҳоҷир, дар Бозори сабз ҳудуди 150 нуқтаи савдо аз тоҷикистониҳо аст, ки дар маҷмӯъ то 450 кас дар онҳо кор мекунанд.

Дар умум, тоҷикон яке аз халқҳои серҷамъияти Қазоқистон ба ҳисоб мераванд. Тибқи иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, теъдоди тоҷикони муқимии ин кишвар беш аз 50 ҳазор аст.

Дар ин кишвар Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикон низ фаъол мебошад. Ин марказ тоҷикони Қазоқистонро муттаҳид карда, роҳбари он яке аз муовинҳои раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон, ниҳоде, ки роҳбариашро Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар ба зимма дорад, мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрели соли равон Акбарҷон Исмоилов, намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар Қазоқистон муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон таъин шуд. Қаблан ӯ ба “Азия-Плюс” дар бораи ҳамгироии тоҷикон ба фарҳанги Қазоқистон нақл карда буд.

Ҳамчунин, дар Қазоқистон муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳастанд. Тибқи иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар атрофи 12 ҳазор нафар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...